Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2015 № 590 "Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва сметаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262)

Мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" ва бо мақсади таъмини шаффофият ва дақиқии ташкили воҳидҳои сохторӣ, назорати хароҷоти дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарормекунад:

1. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаҳои хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи марказӣ ва мақомоти тобеӣ дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинишударо ҳамасола то 1 майи соли молиявӣ анҷом диҳанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262№ 262 t-size: 1rem;">).

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории пардохти музди меҳнати хизматчиёни давлатии мақомоти ба кайд гирифташавандаро аз рӯи варақаи бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори молия дода шудааст, таъмин намояд.

3. Бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории мақомоти ба қайд гирифташаванда бо тартиби зерин амалӣ карда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262):

дастгоҳи марказии вазорату идораҳо ва мақомоти тобеи дар нақшаи идоракунии онҳо пешбинишуда, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, - дар дастгоҳи марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262);

дастгоҳи раис ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятӣ, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, - дар сарраёсатҳои Вазорати молия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262);

дастгоҳи раис ва сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, - дар раёсатҳои Вазорати молия дар шаҳру ноҳияҳо аз рӯи маҳалли ҷойгиршавӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

4. Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262):

1) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ вобаста ба муайян кардани таносуби байни шумораи мансабҳои давлатӣ муқаррароти Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро ба асос гирад;

2) ҳангоми бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти давлатӣ, дар сурати ошкор гардидани фарқият дар музди меҳнат, тағйирот ворид намояд;

3) Дастурамал оид ба тартиби бақайдгирии басти вазифаҳои хизматчиёни давлатӣ ва нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби мақомоти молияро таҳия ва тасдиқ карда, ба вазорату идораҳои дахлдор барои истифодабарии хизматӣ пешниҳод намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

6. Аз эътибор соқит дониста шаванд:

қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 1993, № 118 "Дар бораи бақайдгирии ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти идораи давлатӣ аз ҷониби мақомоти молия";

банди 3 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2005, №478-14 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2005, №1624"; банди 6 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2006, №124 "Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти соли 2006, №1716".

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                 Эмомалӣ Раҳмон

аз 25 сентябри соли 2015 № 590

ш.Душанбе