Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз 25 сентябри соли 2015 № 590

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "25" сентябри соли 2015, № 590

тасдиқ шудааст

Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби намунавии ташаккули воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва воҳидҳои тобеи мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ (минбаъд - Тартиби намунавӣ) дар асоси моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия гардида, сохтори идоракунӣ, шакл, меъёри шумораи воҳидҳои корӣ ва муносибатҳои мутақобилаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти судӣ ва прокуратура, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро муайян менамояд.

2. Сохтори дастгоҳи мақомоти давлатӣ аз воҳидҳои сохтории функсионалӣ-соҳавӣ, ҳудудӣ, функсионалӣ, байнисоҳавӣ, инчунин ёрирасон, ки амалӣ намудани вазифаҳои асосӣ, функсия ва ваколати онҳоро таъмин менамоянд, иборат аст.

3. Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва шумораи умумии хизматчиёни давлатии мақомоти давлатӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиотон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти талаботи Тартиби намунавии мазкур тасдиқ карда мешавад.

4. Барои таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ва амалӣ намудани ваколатҳои онҳо дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ таъсис дода мешавад, ки дар доираи шумораи умумии муқарраргардидаи хизматчиёни давлатӣ аз роҳбарият ва воҳидҳои сохторӣ иборат мебошад.

5. Бо мақсади ба низом овардани маҷмӯи функсияҳо ва ваколатҳои дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайянгардидаи мақомоти давлатӣ, воҳидхои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои тобеи дар нақшаи идоракунии мақомоти давлатӣ ташкил карда мешаванд.

6. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои тобеи дар нақшаи идоракунии мақомоти давлатӣ пешбинишуда мутобиқи хусусияти самтҳои фаъолият гурӯҳбандӣ шуда, дар маҷмӯъ идоракунии мақомоти давлатиро таъмин менамоянд.

7. Сохтори дастгоҳи марказии мақомоти давлатӣ бояд тафриқаи ваколат вавазифаҳои воҳидҳои сохтори мустақили ба он дохилшударо дақиқ муайян намояд.

8. Воҳидҳои сохторӣ барои амалӣ намудани як ё якчанд вазифа, уҳдадориҳои асосӣ, функсия ва ваколатҳои ба мақомоти давлатӣ вогузоршуда масъул мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

9. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ шахси ҳуқуқӣ ҳисоб намеёбанд. Онҳо воҳидҳои ташкилию иҷроиявии таъминкунанда ва батанзимдароварандаи фаъолияти дастгоҳи марказӣ буда, қисми таркибии ҷудонашавандаи дастгоҳи марказии дахлдори мақомоти давлатӣ ба ҳисоб мераванд.

2. Шаклҳои воҳидҳои сохторӣ

10. Воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои тобеи дар нақшаи идоракунии мақомоти давлатӣ пешбинишуда вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳо, ҳаҷм ва мураккабии вазифаҳо, гуногунии самтҳои фаъолият, бо дарназардошти шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатии тасдиқгардида, метавонанд дар шаклҳои зерин ташкил карда шаванд:

- сарраёсат;

- раёсат (мустақил);

- раёсат дар таркиби сарраёсат;

- шуъба (мустақил) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262);

- шуъба дар таркиби сарраёсат, раёсат (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262);

- бахш (мустақил);

- бахш дар таркиби сарраёоат, раёсат.

11. Сарраёсат, раёсат мувофиқан зинаи болоии воҳиди сохторӣ буда, фаъолияташон ба иҷрои вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳои мақомоти давлатӣ равона карда шудааст.

12. Шуъба (дар сурати мавҷуд будани сарраёсат, раёсат) зинаи миёнаи воҳиди сохторӣ буда, вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳои мақомоти давлатиро дар доираи салоҳияташ иҷро менамояд. Шуъба дар шакли мустақил ва дар таркиби сарраёсат, раёсат таъсис дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

13. Бахш ҳамчун зинаи поёнии воҳидҳои сохторӣ дар шакли мустақил ва дар таркиби сарраёсат, раёсат вазифаҳо, функсияҳо, ваколатҳои мақомоти давлатиро дар доираи салоҳияташ амалӣ менамояд.

14. Сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахш бо ҳаҷми кор, самтҳои фаъолият, хаҷм ва мураккабии вазифаҳо ва уҳдадориҳо, функсия ва ваколатҳо, бо дарназардошти шумораи умумии воҳидҳои корӣ, аз ҳамдигар фарқ мекунанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

15. Дигар шаклҳои воҳидҳои сохториро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

3. Самтҳои асосии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ

16. Самтҳои асосии фаъолияти воҳидҳои сохторӣ татбиқи вазифаҳо ва функсияҳои мақомоти давлатӣ, дигар вазифаҳое, ки аз ҷониби роҳбари

мақомоти давлатӣ ба зиммаи воҳидҳои сохторӣ гузошта мешавад, мебошад.

17. Фаъолияти воҳидҳои сохторӣ дар низомномаи онҳо, ки аз ҷониби роҳбари мақомоти давлатӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, пешбинӣ мегардад.

4. Меъёри шумораи воҳидҳои кории воҳидҳои сохторӣ

18. Шумораи воҳидҳои кории воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ, бо дарназардошти ҳаҷми кор, иҷрои вазифаҳо ва функсияҳо аз рӯи меъёрҳои зерин ташкил карда мешавад:

- сарраёсат иборат - аз 2 ва зиёда раёсат, шуъбаҳо ва бахшҳо на кам аз 20 воҳиди корӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262);

- раёсати мустақил ё раёсат дар таркиби сарраёсат иборат - аз 1 ё зиёда шуъба ва 2 бахш - на кам аз 7 воҳиди корӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262);

- шуъбаи мустақил ё шуъба дар таркиби сарраёсат ва раёсат - на кам аз 4 ва на зиёда аз 6 воҳиди корӣ (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.20№ 262 span>№ 262);

- бахши мустақил ё бахш дар таркиби сарраёсат ва раёсат - на кам - аз 2 ва на зиёда аз 3 воҳиди корӣ.

19. Барои сарраёсат, раёсат, шуъба ва бахш воҳиди кории сардор (мудир) пешбинӣ карда мешавад. Сардори сарраёсат, раёсат метавонад як муовин дошта бошад, ки он дар як вақт муовини сардори сарраёсатсардори раёсат ва муовини сардори раёсат - сардори шуъбаи (мудири) тобеъ мебошад. Дар мавриди ҷудогона аз рӯи уҳдадориҳои иловагӣ сардори сарраёсат метавонад як муовини озод дошта бошад, инчунин дар сурате, ки раёсат дар таркиби худ воҳидҳои сохторӣ надошта бошад, сардори раёсат метавонад як муовини озод дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

20. Дар дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти давлатии даҳлдори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори шуъба метавонад як муовин дошта бошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

21. Мансабҳои давлатии воҳидҳои сохтории мақомоти давлатӣ дар Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда мешаванд.

5. Таносуби байни шумораи мансабҳои давлатии воҳидҳои сохторӣ

22. Таносуби байни шумораи мансабҳои давлатӣ дар сохтори мақомоти давлатӣ аз шумораи умумии воҳидҳои кории хизматчиёни давлатӣ (ба истиснои роҳбари аввал ва муовинони ӯ) чунин муайян карда мешавад:

- мансабҳои роҳбарикунандаи воҳидҳои сохторӣ (сардорони сарраёсат, раёсат ва муовинони онҳо, сардорон (мудирон)- и шуъба ва бахш) на зиёда аз 26 дарсад;

- мансаби сармутахассис на зиёда аз 35 дарсад;

- мансаби мутахассиси пешбар на зиёда аз 25 дарсад;

- мансаби мутахассис на зиёда аз 14 дарсад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

23. Таносуби шумораи мансабҳои давлатии дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судӣ ва прокуратура тибқи сохтори тасдиқгардидаи онҳо дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти давлатии дахлдор муайян карда мешавад.

6. Ташаккули воҳидҳои сохторӣ

24. Ташаккули (такмил, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба сохтор, нақшаи идоракунӣ) воҳидҳои сохторӣ ҳангоми таҷдиди сохтор дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи Тартиби намунавии мазкур амалӣ карда мешавад.

25. Роҳбари мақомоти давлатӣ танҳо баъди қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи шумораи хизматчиёни давлатии пешбинишуда тибқи талаботи Тартиби намунавии мазкур дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон басти вазифаҳои хизматчиёни давлатиро таҳия ва тасдиқ менамояд.

7. Нигоҳдорӣ ва таъмини фаъолияти воҳидҳои сохторӣ

26. Нигоҳдорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти хизматчиёни давлатӣ ва хизматчиёни гражданӣ тибқи нақшаи хароҷоти нигоҳдории дастгоҳи мақомоти давлатӣ барои соли молиявӣ пешбинишуда амалӣ мегардад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

27. Музди меҳнати кормандони роҳбарикунанда, сармутахассис, мутахассиси пешбар ва мутахассиси раёсат, шуъба ва бахши сохтмони асосӣ, назорати техникии сохтмони асосии назди мақомоти давлатӣ баробар ба музди меҳнати хизматчиёни давлатии категорияҳои дахлдори мансабҳои раёсат, шуъба ва бахши мақомоти давлатӣ муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

28. Ташаккули воҳидхои сохтории хизматчиёни граждании мақомоти давлатӣ дар асоси шартномаи (қарордоди) мехнатӣ аз рӯй ҳаҷми кор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

29. Музди меҳнати хизматчиёни граждании мақомоти давлатӣ, ки номгӯи мансабҳо ва касбҳои он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, вале на камтар аз андозаи музди меҳнати ҳадди ақали амалкунанда ва на зиёда аз музди меҳнати мутахассиси мақомоти давлатии дахлдор дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.05.2025 № 262).

30. Ба ронандагони мошинҳои сабукрави хизматии мақомоти давлатӣ барои кори ғайримеъёрӣ дар рӯзи корӣ - ба андозаи 25 фоиз ва ба ронандагоне, ки дараҷаи якум доранд, - 25 фоиз ва дараҷаи дуюм доранд, 10 фоиз аз маоши вазифавиашон иловапулӣ муқаррар карда мешавад.

8. Муқаррароти хотимавӣ

31. Тартиби ҳисоботдиҳанда будан ва тобеияти воҳидҳои сохторӣ дар низомномаҳои мақомоти давлатӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, пешбинӣ мешавад.

32. Дар сурати риоя нагардидани талаботи Тартиби намунавии мазкур зимни ташаккули воҳидҳои сохторӣ масъулият ба зиммаи роҳбари мақомоти давлатӣ вогузор карда мешавад.