Тартиби вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва бастани шартномаи маъмурӣ аз 25 сентябри соли 2015 № 587

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 сентябри соли 2015, № 587

тасдиқ шудааст

Замима

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 25 сентябри соли 2015, № 587

тасдиқ шудааст

Тартиби вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва бастани шартномаи маъмурӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Тартиби вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти худидоракунии шаҳрак, деҳот, ташкилотҳо ва бастани шартномаи маъмурӣ (минбаъд - Тартиб) тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, расмиёти вогузор намудани функсияҳои дорои хусусияти ёрирасон ё хизматрасонӣ ба аҳолӣ (минбаъд - функсияҳо)-ро аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилотҳо, инчунин иштироки тарафҳоро дар таҳия, ба имзо расонидани шартномаи маъмурӣ ва амалӣ кардани он муайян менамояд.

2. Амали Тартиби мазкур ба мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилотҳо, ки дар раванди вогузор намудани функсияҳо иштирок менамоянд, татбиқ мегардад.

3. Ба мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ва ташкилотҳо функсияҳои назоратии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ вогузор карда намешаванд.

2. ТАРТИБИ ВОГУЗОР НАМУДАНИ ФУНКСИЯҲО

4. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ метавонанд функсияҳои худро дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ё ташкилотҳо вогузор намоянд.

5. Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ метавонанд функсияҳои худро ба зиммаи мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот ё ташкилотҳо дар асоси шартномаи тарафҳо бо маблағгузории функсияҳои мазкур вогузор намоянд.

6. Вогузор намудани функсияҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар ҳолатҳои зайл амалӣ карда мешавад:

...

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 сентября 2015 года, № 587

Приложение

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 25 сентября 2015 года, № 587

ПОРЯДОК

передачи функций центральных исполнительных органов государственной власти органам самоуправления посёлков, сёл, организациям и заключения административного договора

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок передачи функций центральных исполнительных органов государственной власти органам самоуправления посёлков, сёл, организациям и заключения административного договора (далееПорядок) разработан в соответствии со статьей 20 Закона Республики Таджикистан "О системе органов государственного управления Республики Таджикистан" и определяет процедуры передачи функций, имеющих вспомогательный характер или оказания услуг населению (далее - функции) центральными исполнительными органами государственной власти органам самоуправления посёлков и сёл и организациям, а также участия сторон в разработке и подписании административного договора и его реализации.

2. Действие настоящего Порядка распространяется на центральные исполнительные органы государственной власти, местные исполнительные органы государственной власти, органы самоуправления посёлков, сёл и организаций, которые принимают участие в процессе передачи функций.

3. Органам самоуправления посёлков, сёл и организациям не передаются надзорные функции центральных исполнительных органов государственной власти, за исключением предусмотренных законодательством случаев.

2. ПОРЯДОК ПЕРЕДАЧИ ФУНКЦИЙ

4. Центральные исполнительные органы государственной власти могут передать свои функции в пределах требования законодательства органам самоуправления посёлков, сёл или организациям.

5. Центральные исполнительные органы государственной власти также могут передать свои функции органам самоуправления посёлков, сёл и организациям по договору сторон с финансированием этих функций.

...