Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ аз 29 августи соли 2015 № 550

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2015, № 550

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 августи соли 2015, № 550

тасдиқ шудааст

Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1.1 Тартиби ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ (минбаъд - Тартиб) бо мақсади таъмини иҷрои моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити экологӣ" таҳия гардида, талаботи ягона ба ташкил ва пешбурди Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологиро, ки ҳуқуқи гузаронидани аудити экологиро дороянд, муайян менамояд.

1.2 Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- Феҳристи ҷумҳуриявии аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ, ки ҳуқуқи гузаронидани аудити экологиро доранд (минбаъд - Феҳрист) ҳуҷҷатест, ки номгӯи аудиторҳои экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологиро, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити экологӣ" ҳуқуқи гузаронидани аудити экологиро доранд, муқаррар мекунад;

- дархосткунанда - шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ, ки барои гузаронидани аудити экологӣ ҳуқуқ дошта, барои ворид шудан ба Феҳрист ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Кумита) дархост пешниҳод менамояд.

2. Тартиби воридкунии маълумот ба Феҳрист

2.1 Ба Феҳрист маълумоти зерин ворид карда мешавад:

- оид ба аудиторҳои экологии дорои Иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитория экологӣ, ки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи Кумита дода шудааст;

- шахсони ҳуқуқӣ, ки дар оинномаашон ин намуди фаъолият пешбинӣ шуда, дар воҳидҳои кориаш ақаллан як мутахассиси дорои иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ фаъолият кунад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 авгуcта 2015 года, № 550

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 авгуcта 2015 года, № 550

Порядок организации и ведения Республиканского реестра экологических аудиторов и аудиторских экологических организаций

1. Общие положения

1.1. Порядок организации и ведения Республиканского реестра экологических аудиторов и аудиторских экологических организаций (далее - Порядок) разработан с целью обеспечения исполнения статьи 11 Закона Республики Таджикистан "Об экологическом аудите", определяет единые требования и порядок ведения Республиканского реестра экологических аудиторов и аудиторских экологических организаций, имеющих право на проведение экологического аудита.

1.2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- Республиканский реестр экологических аудиторов и аудиторских экологических организаций, имеющих право на осуществление экологического аудита (далее - Реестр) документ, определяющий перечень экологических аудиторов и аудиторских экологических организаций, имеющих право на проведение экологического аудита в соответствии с требованиями Закона Республики Таджикистан "Об экологическом аудите";

- заявитель - юридическое или физическое лицо, имеющее право на проведение экологического аудита, которое подает в Комитет по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан (далее - Комитет) заявление для внесения в Реестр.

2. Порядок внесения в Реестр сведений

2.1. В Реестр вносятся следующие сведения:

- об экологических аудиторах, имеющих лицензию на занятие эколого - аудиторской деятельностью, выданную в установленном порядке Комитетом;

- о юридических лицах, в уставе которых предусмотрен этот вид деятельности и в штате которых работает хотя бы один специалист имеющий лицензию на занятие эколого - аудиторской деятельностью.

...