Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз 29 августи соли 2015 № 551

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" августи соли 2015, № 551

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "29" августи соли 2015, № 551

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои конвертатсияи (бадалкунии) ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи қисми 3 моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ" таҳия гардида, тартиби арзёбӣ ва баҳисобгирии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташударо дар асоси собиқаи кории то 1 январи соли 1999 бадастовардашуда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.

2. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавӣ ба сармояи шартии нафақавӣ ва дохил намудани сармояи мазкур ба суратҳисоби инфиродии шахсони суғурташуда нисбати он шаҳрвандоне амалӣ карда мешавад, ки то 1 январи соли 1992 дар қаламрави собиқ ИҶШС ва аз 1 январи соли 1992 то 1 январи соли 1999 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ намудаанд.

3. Конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда аз ҷониби сохтори дахлдори мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа дар маҳалли зисти шахси суғурташуда ҳангоми таъини нафақаи суғуртавӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ то 1 январи соли 1999 амалӣ карда мешавад.

4. Дар сурати пеш омадани зарурати муайян намудани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи шахсони суғурташуда оид ба собиқаи корӣ, кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа метавонанд дар корхона, муассиса ё ташкилоте, ки дурустии чунин ҳуҷҷатҳоро тасдиқ намудаанд, бо тартиби муайянгардида санҷиш бо тартиб додани санади мутақобила гузаронанд.

5. Хароҷот барои гузаронидани конвертатсияи ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ба сармояи шартии нафақавӣ аз ҳисоби маблағҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъминоти нафақа маблағгузорӣ карда мешаванд.

2. ТАРТИБИ ҲИСОБИ САРМОЯИ ШАРТИИ НАФАҚАВӢ ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ КОНВЕРТАТСИЯИ ҲУҚУҚҲОИ НАФАҚАВИИ ШАХСОНИ СУҒУРТАШУДА

6. Арзёбии ҳуқуқҳои нафақавии шахсони суғурташуда ва конвертатсияи онҳо ба сармояи шартии нафақавӣ дар асоси шумораи моҳҳои пурраи собиқаи корӣ амалӣ карда мешавад.

7. Шумораи моҳҳои собиқаи корие, ки барои арзёбии ҳуқуқҳои нафақавӣ ва ҳисоби сармояи шартии нафақавӣ пешниҳод мегарданд, дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии шахсони суғурташуда муайян карда мешавад.

...

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 августа 2015 года, №551

Утверждены

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 августа 2015 года, №551

ПРАВИЛА конвертации (преобразования) пенсионных прав застрахованных лиц в условный пенсионный капитал

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Настоящие Правила разработаны в соответствии с частью 3 статьи  58 Закона Республики Таджикистан "О страховых и государственных пенсиях" и устанавливают порядок оценки и учета пенсионных прав застрахованных лиц на основании трудового стажа, приобретенного до 1 января 1999 года и подтвержденного в установленном законодательством Республики Таджикистан порядке.

2. Конвертация пенсионных прав в условный пенсионный капитал и его зачисление на индивидуальный лицевой счет застрахованных лиц производится в отношении граждан, осуществлявших трудовую деятельность до 1 января 1992 года на территории бывшего СССР и с 1 января 1992 года до 1 января 1999 года в Республике Таджикистан.

3. Конвертация пенсионных прав застрахованных лиц производится соответствующим подразделением государственного уполномоченного органа в сфере пенсионного обеспечения по месту жительства застрахованного лица при назначении страховой пенсии на основании документов, подтверждающих трудовую деятельность до 1 января 1999 года.

4. В случае необходимости определения достоверности предоставленных застрахованным лицом документов о трудовом стаже, работники государственного уполномоченного органа в сфере пенсионного обеспечения могут в установленном порядке приводить на предприятии, учреждении или организации, утвердившей правильность данных документов, проверки с составлением встречного акта.

5. Расходы на проведение конвертации пенсионных прав в условный пенсионный капитал финансируются за счет средств государственного уполномоченного органа в сфере пенсионного обеспечения.

2. ПОРЯДОК ИСЧИСЛЕНИЯ УСЛОВНОГО ПЕНСИОННОГО КАПИТАЛА ПРИ ПРОВЕДЕНИИ КОНВЕРТАЦИИ ПЕНСИОННЫХ ПРАВ ЗАСТРАХОВАННЫХ ЛИЦ

6. Оценка пенсионных прав застрахованных лиц и их конвертация в условный пенсионный капитал производится на основании количества полных месяцев стажа работы.

7. Количество месяцев стажа работы, представляемого для оценки пенсионных прав и исчисления условного пенсионного капитала, определяется на основании документов, подтверждающих трудовую деятельность застрахованных лиц.

...