Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ба зиммаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак" вогузор намудани татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма
Мутобиқи моддаи 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маблағҳои қарзӣ барои татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Кулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма ба зиммаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак" вогузор карда шавад.
2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди ДушанбеКулма, қитъаи Қалъаихумб-Хоруғ-Кулма ва маблағгузории нигоҳдории Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак"-ро таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 6 июни соли 2015 № 386
ш.Душанбе