бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.2024 № 704 соқит дониста шуд
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2015, № 347
тасдиқ шудааст
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 30 майи соли 2015, № 347
тасдиқ шудааст
Низомномаи намунавии Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомӣ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи намунавии Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомӣ (минбаъд - Низомнома) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ" таҳия шудааст.
2. Низомнома ҳуҷҷати дохилии ҷамъияти саҳомӣ (минбаъд - Ҷамъият) ба шумор рафта, мақом, тартиби даъват, ташкил ва баргузории маҷлисҳои Шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъият, ҳамкорӣ бо дигар мақомоти идоракунии Ҷамъият, инчунин тартиби пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъиятро муайян менамояд.
3. Ҷамъияти бо иштироки давлат таъсис додашуда Низомномаи мазкурро дар фаъолияти худ ба роҳбарӣ мегирад.
4. Ҷамъияти бе иштироки давлат амалкунанда метавонад Низомномаи мазкурро дар фаъолияти худ истифода намояд.
5. Шӯрои нозирони Ҷамъият (минбаъд - Шӯрои нозирон) мақоми идоракунии Ҷамъият буда, роҳбарии умумии фаъолияти Ҷамъиятро амалӣ менамояд, иҷрои қарорҳои Маҷлиси умумии саҳмдорони Ҷамъиятро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорат мегирад.
6. Шӯрои нозирон бо мақсади ҳифзи манфиатҳои соҳибмулк, ҷорӣ намудани идоракунии корпоративӣ ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Ҷамъият таъсис дода мешавад.
...