Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
14 июли соли 2014 таҳти рақами 383 "е"
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
КУМИТАИ МЕЪМОРӢ ВА СОХТМОНИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
аз 11 июни соли 2014 №47/ф ш Душанбе
Дар бораи таъсиси Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ
Мутобиқи банди 2 боби 8 "Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ шудааст, фармоиш медиҳам:
1. Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ тибқи ҳайати замимагардида таъсис дода шавад (замимаи 1).
2. Низомномаи Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ тасдиқ карда шавад (замимаи 2).
3. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ фаъолияти худро тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва Низомномаи Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ ба роҳ монда амалӣ намояд.
4. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, баъд аз бақайдгирӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
5. Фармоиши Директори Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2008, №12/оп "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи Комиссияи давлатии иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти сохтмонӣ ва меъмории Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2008, таҳти №383 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.
6. Фармоиши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 2014, №24/ф "Дар бораи таъсиси Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ", аз эътибор соқит дониста шавад.
7. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Н Ғ гузошта шавад.
Замимаи 1
Бо фармоиши Раиси Кумитаи
меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 июни соли 2014,
№47/ф тасдиқ шудааст
ҲАЙАТИ Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ
- Муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ);
- Сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҷонишини Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ);
- Сардори шӯъбаи қабули ҳуҷҷатҳои Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (котиби Комиссияи иҷозатномадиҳӣ);
Аъзоёни Комиссияи иҷозатномадиҳӣ:
- Сардори Хадамоти назорати меъморӣ ва сохтмонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сардори Раёсати илм ва танзими меъёрию техникии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Мутахассиси пешбари Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузориҳои мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Сармутахассиси Раёсати ташкили андозбандии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Замимаи 2
Бо фармоиши Раиси Кумитаи
меъморӣ ва сохтмони назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 11 июни соли 2014,
№47/ф тасдиқ шудааст
НИЗОМНОМАИ КОМИССИЯИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ХАДАМОТИ ИҶОЗАТНОМАДИҲИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАҲРСОЗӢ
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Низомномаи Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ (минбаъд - Низомномаи мазкур) тибқи талаботи банди 2 боби 8 "Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172 тасдиқ шудааст, таҳия карда шуда, тартиби кори комиссия, ҳуқуқ, ӯҳдадорӣ ва вазифаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳии Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозиро (минбаъд - Комиссияи иҷозатномадиҳӣ) ба танзим медарорад.
2. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият", "Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.
3. Ҳайат ва нақшаи кории Комиссияи иҷозатномадиҳӣ аз тарафи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоиш тасдиқ карда мешавад.
4. Ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳӣ кори натиҷабахши Комиссияи иҷозатномадиҳиро таъмин намуда, қарор ва пешниҳодоти Комиссияи иҷозатномадиҳиро тасдиқ менамоянд.
2. ВАКОЛАТҲО
5. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дорои чунин ваколатҳо мебошад:
а) омӯзиш ва таҳлили ҳуҷҷатҳои пешниҳод намудаи довталабони иҷозатнома;
б) қабули қарор дар бораи додан ё надодани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти шаҳрсозӣ;
в) қабули қарори Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар бораи боздоштан, бекор кардан ва қатъ намудани амали иҷозатнома мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
3. ҲУҚУҚ ВА ӯҲДАДОРИҲО
6. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ, дар мавриди зарурат, ҳуқуқ дорад дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи довталаби иҷозатномаро санҷад.
7. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад мутахассисони соҳавии довталаби иҷозатномаро ба ҷаласаи комиссия барои иштирок намудан, даъват намоянд.
8. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ӯҳдадор аст лавҳаи иттилоотӣ тартиб дода, дар он рӯйхати ҳуҷҷатҳо ва намунаҳои онҳоро, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, овезон кунад.
4. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ
9. Ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ бо салоҳдиди Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар санаи муайяннамудаи ӯ дар як моҳ на камтар аз як маротиба гузаронида мешавад.
10. Бақайдгирии ҳайати Комиссия пеш аз ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ гузаронида мешавад.
11. Ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳӣ таъмини кори масъулиятноки Комиссияи иҷозатномадиҳиро ба роҳ монда, қарор ва пешниҳоди Комиссияи иҷозатномадиҳиро тасдиқ менамоянд.
12. Котиботи Комиссияи иҷозатномадиҳӣ коргузории Комиссияи иҷозатномадиҳиро ташкил ва аз рафти ҷаласаҳо Комиссияи иҷозатномадиҳӣ протокол тартиб намуда, масъалаҳои гузоштаро бо тарзи таъҷилӣ то ҷаласаи оянда иҷро менамояд
13. Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ тартиби гузаронидани ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳиро муайян намуда, протоколи ҷаласаро ба имзо мерасонад.
14. Дар давраи муваққатан ҳозир набудани Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҷонишини Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ кори Комиссияи иҷозатномадиҳиро роҳбарӣ менамояд.
15. Аз рӯи масъалаҳое, ки дар ҷаласа баррасӣ мешаванд, Комиссияи иҷозатномадиҳӣ бо овоздиҳии ошкоро ё пинҳонӣ қарор қабул мекунад. Ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ дар сурате ваколатдор ҳисобида мешаванд, ки дар он на камтар аз 4/3 ҳиссаи аъзоёни комиссия иштирок дошта бошанд.
16. Дар ҳолати ҳалли худро наёфтани масъала ҳар як узви Комиссияи иҷозатномадиҳӣ фикри худро оид ба ҳалли масъала ба таври хаттӣ пешниҳод менамояд.
17. Қарорҳои дар ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳӣ қабулгардида ба протоколи ҷаласа дохил карда шуда, бо аксарияти овозҳои иштироккунандагони ҷаласа (бо назардошти фикру мулоҳизаҳои хаттии ҳайати Комиссияи иҷозатномадиҳӣ) қабул карда мешавад. Дар ҳолати баробар будани овозҳо, овози Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳалкунанда мебошад.
18. Иҷозатнома аз ҷониби роҳбари мақоми иҷозатномадиҳанда ба имзо расонида шуда, бо муҳри ҳамин мақомот тасдиқ карда мешавад ва ба довталаби иҷозатнома ва ё намояндаи ваколатдори ӯ мувофиқи намунаи дар замимаи 1 овардашуда дода мешавад.
5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
19. Оид ба масъалаҳое, ки ҳалли худро дар гузаронидани ҷаласаҳои Комиссияи иҷозатномадиҳӣ намеёбанд, Раиси Комиссияи иҷозатномадиҳӣ ҳуқуқ дорад, ки ташхисгари мустақилро барои таҳлили саҳеҳ ҷалб намояд.
20. Комиссияи иҷозатномадиҳӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.