Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, №380
Мутобиқи моддаи 313 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 380 "Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои навтаъсис, ки ба силсилаи коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғуланд" баъд аз калимаҳои "аз 1 октябри соли 2013" калимаҳои "Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Беҳрӯзи Мурод"-и ноҳияи Вахш, Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Чжунтай-Данғара Син Силу Текстил"-и ноҳияи Данғара, "Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Адолат А"-и ноҳияи Фархор, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Евразия Текстайл"-и ноҳияи Данғара аз 1 январи соли 2015" илова карда шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 30 апрели соли 2015 № 284
ш. Душанбе
аз 30 апрели соли 2015 № 284
ш. Душанбе
...