Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" апрели соли 2015, № 191
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "2" апрели соли 2015, № 191
тасдиқ шудааст
Тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи ронандагии "механизатор-мошинист"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур санади меъёрии ҳуқуқӣ буда, иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистор истиқомат мекунанд, ҳатмӣ мебошад. Тартиби мазкур категорияи тракторҳо, комбайнҳо, мошинҳои худгарди кишоварзӣ, мелиоративӣ, роҳсозию сохтмонӣ (минбаъд-мошинҳо)ро муайян намуда, тартиби қабули имтиҳон ва ба шаҳрвандон додани шаҳодатномаи механизатор-мошинист, талони бақайдгирии қоидавайронкуниҳо ва шаҳодатномаи механизатор-мошинист барои идора кардани мошинҳои категорияҳои дахлдор иҷозат доданро муқаррар месозад.
2. Тамоми мошинҳо вобаста ба намуд, таъинот ва хусусияти идоракунӣ ба категорияҳои: "А", "Б", "В", "Г", "Д" ва "Е" ҷудо мешаванд, ки барои идора кардани онҳо шаҳодатномаи намунаи ягонаи механизатор-мошинист (Замимаи 1) бо қайди иҷозатдиҳии категорияи дахлдор ва талони бақайдгирии қоидавайронкуниҳо ба он (Замимаи 2) дода мешаванд.
3. Механизатор-мошинист ҳуқуқ дорад мошинҳоеро идора намояд, ки дар шаҳодатномаи механизатор-мошинист дар муқобили категорияи он қайди иҷозат додан гузошта шудааст:
- "А" - тракторҳои чархдори то дараҷаи 14 Кн (1,4 тс);
- "Б" - тракторҳои чархдори беш аз дараҷаи 14 Кн (1,4 тс);
- "В" - тракторҳои тасмачарх;
- "Г" - мошинҳои худгард бо трансмиссияи механикӣ;
- "Д" - мошинҳои худгард бо трансмиссияи гидростатикӣ;
...