Низомнома оид ба талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот аз разведкаи техникии хориҷӣ аз 2 апрели соли 2015 № 190

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 190

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 2 апрели соли 2015, № 190

тасдиқ шудааст

Низомнома оид ба талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилоот аз разведкаи техникии хориҷӣ

Низомномаи мазкур бо мақсади амалӣ намудани моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот" ва банди 24 Номгӯи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2017, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷиқистон аз 3 июли соли 2014, № 428 тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст.

Низомномаи зикргардида роҳҳои асосии ихроҷи иттилооти дорои сирри давлатӣ ва дигар иттилооти аз тарафи қонун ҳифзшавандаи соҳаҳои ҳарбӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва техникии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд - иттилооти ҳифзшаванда) ба разведкаи техникии хориҷӣ муайян карда, талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилоотро аз разведкаи техникии хориҷӣ ба танзим медарорад.

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Марказу сохторҳои разведка ва хадамоти махсуси баъзе кишварҳои манфиатдори хориҷӣ (минбаъд - разведкаи техникии хориҷӣ) ба мақсади ба даст овардани иттилооти ҳифзшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз воситаҳои махсуси техникии ғасби иттилоот истифода менамоянд.

2. Талабот, шартҳо ва қоидаҳои ҳифзи иттилооти ҳифзшаванда дар воситаҳои коркарди иттилоот аз разведкаи .техникии хориҷӣ, бо андешидани чорабиниҳои пешгирикунандаи муҳофизатӣ аз ихроҷи чунин иттилоот тавассути роҳҳои техникӣ, дастрасии беиҷозат ва таъсири барқасдонаи воситаҳои махсуси барномавию техникӣ ба амал бароварда мешаванд.

3. Пешгирӣ ё қатъ кардани фаъолияти разведкаи техникии хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи давлатии ҳифзи иттилоот аз разведкаи техникии хориҷӣ таъмин менамояд.

4. Риояи талаботи Низомномаи мазкур барои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ташкилот), ки дар онҳо иттилооти ҳифзшаванда дар гардиш мебошад, новобаста ба мақоми ташкилию ҳуқуқӣ ва шакли моликияти онҳо ҳатмӣ мебошад.

5. Ташкилот вазифадор аст,фаъолияти худро дар ин самт дар асоси Низомномаи мазкур ба роҳ монад.

6. Вобаста ба хаҷми зарари эҳтимолӣ дар натиҷаи ихроҷи иттиллооти ҳифзшаванда тавассути роҳҳои техникӣ ва харобшавии он, тадбирҳои мушаххаси иловагии муҳофизатӣ пешбинӣ карда мешаванд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

от 2 апреля 2015 года, № 190

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан 

от 2 апреля 2015 года, № 190

Положение о требованиях, условиях и правилах защиты информации от иностранной технической разведки

Настоящее Положение подготовлено с целью реализации статьи 14 Закона Республики Таджикистан "О защите информации" и пункта 24 Перечня мероприятий Государственной программы развития и внедрения информационно - коммуникационных технологий в Республике Таджикистан на 2014 - 2017 годы, утвержденной постановлением Правительства Республики  Таджикистан от 3 июля 2014 года, № 428.

Упомянутое Положение определяет основные каналы утечки информации содержащей государственные секреты и другие охраняемые законом информации в военной, экономической, политической, научной и технической сферах Республики Таджикистан (далее - защищаемая информация) к иностранной технической разведке, регулирует требования, условия и правила защиты информации от иностранной технической разведки.

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Разведывательные центры, структуры и спецслужбы некоторых заинтересованных иностранных государств (далее - иностранная техническая разведка) с целью добывания защищаемой информации Республики Таджикистан используют специальные технические средства перехвата информации.

2. Требования, условия и правила защиты защищаемой информации в средствах обработки информации от иностранной технической разведки, реализуются путем принятия предупредительных защитных мероприятий от утечки такой информации по техническим каналам, несанкционированного доступа и умышленного воздействия на нее специальных программно - технических средств.

3. Предупреждение или прекращение деятельности иностранной технической разведки в Республике Таджикистан обеспечивает государственная система защиты информации от иностранной технической разведки.

4. Соблюдение требований настоящего Положения является обязательным для органов государственного управления, учреждений, предприятий и других организаций Республики Таджикистан (далее организации), в которых имеется в  обращении защищаемая информация, независимо от их организационно - правового статуса и форм собственности.

5. Организация обязана организовать свою работу в этом направлении на основании настоящего Положения.

6. В зависимости от степени возможного ущерба в результате утечки защищаемой информации по техническим каналам и её разрушения, предусматриваются дополнительные конкретные защитные меры.

...