ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри соли 2014, № 1710
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 794
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №12, қ.2, мод.703; мод.704; с. 2006, №3, мод.159; с. 2007, №7; мод.681; с. 2008, №6, мод.459; №10, мод.818; с. 2011, №3, мод.160; №6, мод. 458; с. 2012, №4, мод.250; №7, мод.695; мод.724; №8, мод.818; №12, қ.1, мод.1000; с. 2013, №12, мод.879), тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар банди 7) моддаи 345 калимаҳои "муҳими давлатӣ" ба калимаи "муҳим" иваз карда шаванд.
2. Қисмҳои 1 ва 2 моддаи 381 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"1. Барои батаъхиргузорӣ ё тамдиди мӯҳлати пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андоз фоизҳо мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида намешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи зерфасли 2 фасли II ва моддаҳои 382, 393, 394, 396 ва 398 Кодекси мазкур.
2. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур фоизҳо пеш аз пардохти қарз ё ҳамзамон бо пардохти маблағи қарзи боҷҳои гумрукӣ ва андоз мувофиқи Кодекси мазкур супорида мешаванд.".
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур Қисми 1 моддаи 1 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 ва қисми 2 ҳамин модда пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 марти соли 2015 № 1189