ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри соли 2014, № 1708
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 793
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 сентябри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №9, мод.838; с. 2013, №12, мод.889, мод.890) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 17:
- ба зербанди а) банди 28) пас аз калимаи "гирифтааст" калимаҳои ". Агар дар мӯҳлати шаш моҳи тақвимӣ пас аз соли ҳисоботӣ доир ба истифодабарии фоидаи баъди андозбандӣ боқимонда қарори дахлдор қабул нашуда бошад, новобаста ба истифодабарии минбаъдаи он, барои мақсадҳои андозбандӣ фоидаи мазкур байни саҳмдорон (иштирокчиён) тақсимшуда ҳисобида мешавад" илова карда шаванд;
- банди 54) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"54) Минтақаҳои оффшорӣ - давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамоянд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро доир ба амалиётҳои бо маблағ ва дигар молу мулк гузаронидашуда пешбинӣ намекунанд. Барои мақсадҳои андозбандӣ номгӯи минтақаҳои оффшориро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм муайян менамояд.".
2. Ба қисми 4 моддаи 23 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- агар амалиёт (аҳд) бо корхонаҳои резидентии дорои ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ ва (ё) бо шахсони дар минтақаҳои оффшорӣ бақайдгирифта анҷом дода шуда бошад;".
3. Дар қисми 1 моддаи 67 калимаҳои "аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) ба суратҳисобҳои буҷети дахлдор пардохт шаванд" ба калимаҳои "пардохт карда, тибқи қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ байни буҷетҳои дахлдор аз ҷониби сохторҳои хазинадории мақомоти молияи дахлдор тақсим карда шаванд" иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 4 моддаи 70 калимаҳои "озод намекунад" ба калимаҳои "озод мекунад" иваз карда шаванд.
5. Қисми 1 моддаи 71 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"1. ӯҳдадориҳои андоз бо тартиби зерин пӯшонида мешаванд:
- маблағи андозҳои ҳисобшуда (иловагӣ ҳисобшуда);
- фоизҳои ҳисобшуда;
- ҷаримаҳои ҳисобшуда.".
6. Дар қисми 3 моддаи 72:
- дар сархати якум рақами "10" ба рақами "20" иваз карда шавад;
- сархати дуюм хориҷ карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои "огоҳиномаҳои дар сархатҳои якум ва дуюми" ба калимаҳои "огоҳиномаи дар сархати якуми" иваз карда шаванд.
7. Дар сархати чордаҳуми қисми 1 моддаи 89 калимаҳои "ҳисоботи аудиторӣ" ба калимаҳои "хулосаи аудиторӣ" иваз карда шаванд.
8. Дар моддаи 104:
- ба зербанди б) банди 7) пас аз калимаи "ғайриманқул", калимаҳои "(ба истиснои объектҳои ғайриманқули барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифодашаванда)" илова карда шаванд;
- дар банди 8):
- зербанди в) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"в) фурӯхтан, додан, гузашт кардан ва дигар намуди бегонакунии саҳмияҳо ва ҳиссаҳои иштирок дар сармояи оинномавии корхонаҳо;";
- зербанди в) зербанди г) ҳисобида шавад;
- аз банди 11) калимаҳои "(ба истиснои Хадамоти давлатии "Муҳофиза")" хориҷ карда шаванд.
9. Ба қисми 5 моддаи 107 сархати дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- кӯмакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд;".
10. Ба моддаи 109 қисми 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"4. Фоидаи тавозунии воқеан бадастовардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ аз рӯи меъёрҳое, ки дар моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон" муқаррар шудаанд, пардохта мешавад.".
11. Аз банди 4) қисми 1 моддаи 110 калимаҳои "Бонки миллии Тоҷикистон," хориҷ карда шаванд.
12. Дар қисми 1 моддаи 126 калимаҳои "ба корхонаҳои резидентӣ" ба калимаҳои "ба корхонаҳои резидентии ҳиссаи (саҳми) иштирокчии минтақаи оффшорӣ надошта" иваз карда шаванд.
13. Ба моддаи 156 қисми 9 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"9. Эъломияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба фоидаи воқеии ба буҷети давлатӣ пардохтшаванда, ки шакли он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, то 1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, пешниҳод карда мешавад.".
14. Дар моддаи 158:
- қисми 7 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"7. Бонки миллии Тоҷикистон андоз аз фоидаро на дертар аз 1 августи соле, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, месупорад.";
- қисмҳои 7 ва 8 мувофиқан қисмҳои 8 ва 9 ҳисобида шаванд.
15. Дар моддаи 169:
- ба қисми 3 пас аз калимаи "истеҳсолшаванда," калимаи "пилла," илова карда шавад;
- дар сархати ҳафтуми қисми 4 калимаҳои "муҳими давлатӣ" ба калимаи "муҳим" иваз карда шаванд.
16. Дар қисми 1 моддаи 172 пас аз калимаи "истеҳсолшуда," калимаи "пилла," илова карда шавад.
17. Ба қисми 2 моддаи 181 пас аз калимаҳои "корхонаҳои сохтмонӣ" калимаҳои ", муассисаҳои таълимӣ" илова карда шаванд.
18. Дар қисми 4 моддаи 200 рақами "3" ба рақами "5" иваз карда шавад.
19. Ба қисми 1 моддаи 225 пас аз калимаҳои "пардохт мешавад" калимаҳои ", агар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад" илова карда шаванд.
20. Ба моддаи 267 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"- воситаҳои нақлиёти ҳарбии махсус ва техникаи ҳарбии махсуси баҳисобгирифташуда;".
21. Аз моддаи 273 қисми 4 хориҷ карда, қисми 5 қисми 4 ҳисобида шавад.
22. Дар моддаи 279:
- сархатҳои сеюм, чорум, панҷум ва шашуми қисми 2 дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:
"- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашаванда то 250 метри мураббаъба андозаи 12,75 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;
- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намуди хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 250 метри мураббаъ - ба андозаи 15 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;
- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашаванда то 200 метри мураббаъ - ба андозаи 9 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур;
- барои объектҳои ғайриманқул оид ба амалӣ намудани дигар намуди фаъолият истифодашавандаи масоҳати боқимондаашон зиёда аз 200 метри мураббаъ - ба андозаи 12 фоиз, барои шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоб - ба андозаи 2-каратаи меъёри мазкур.";
- дар гурӯҳи 4 ҷадвали қисми 3 калимаҳои "шаҳрҳо ва шаҳракҳое" ба калимаҳои "шаҳракҳо ва марказҳои маъмурии ноҳияҳое" иваз карда шаванд.
23. Дар сархати дуюми қисми 2 моддаи 291 калимаҳои "соҳибкорони инфиродии" ба калимаи "шахсони" иваз карда шаванд.
24. Ба моддаи 294 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"3. Кӯмакҳои молиявие (субсидияҳое), ки муассисаҳои давлатии фарҳангӣ то 1 январи соли 2018 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ барои нигоҳдории фаъолияти худ мегиранд, ба даромади умумии онҳо дохил намегарданд.".
25. Дар қисми 2 моддаи 312 калимаҳои "муҳими давлатӣ" ба калимаи "муҳим" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
1. Сархати дуюми қисми 15 ва қисми 25 Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода шавад.
2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2015 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
18 марти соли 2015 № 1188