Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1179 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҷИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2015, № 1714

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 784

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №12, қ. 1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ. 1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430, мод. 431; №7-8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ. 1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181; №7, мод. 508; с. 2014, №3,. мод. 143; мод. 144; №7, қ. 1, мод. 389; мод. 390), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 90:

- ба номи модда пас аз калимаи "ва" калимаи "таълиму" илова карда шавад;

- ба диспозитсияи модда пас аз калимаҳои "ё тарбиявӣ" калимаҳои ", инчунин шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад," илова карда шаванд;

- дар санксияи модда калимаҳои "як то се" ба калимаҳои "се то панҷ" иваз карда шаванд.

2. Дар моддаи 313:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "панҷ то ҳафт" ва "се то шаш" мувофиқан ба калимаҳои "ҳафт то даҳ" ва "чор то шаш" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "ҳафт то даҳ" ба калимаҳои "даҳ то понздаҳ" иваз карда шаванд.

3. Дар моддаи 329:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "як то се" ва "то як сол" мувофиқан ба калимаҳои "се то панҷ" ва "аз шаш моҳ то як сол" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "се то панҷ" ба калимаҳои "панҷ то ҳафт" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 3 калимаҳои "панҷ то ҳафт" ба калимаҳои "ҳафт то даҳ" иваз карда шаванд.

4. Ба моддаи 333 қисми 3 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштааст,-

ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба мӯҳлати то шаш моҳ таъйин карда мешавад.".

5. Дар моддаи 336:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "ду то се" ба калимаҳои "се то панҷ" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "се то панҷ" ба калимаҳои "панҷ то ҳафт" иваз карда шаванд.

6. Дар моддаи 337:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "сӣ то панҷоҳ" ба калимаҳои "панҷоҳ то ҳафтод" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "панҷоҳ то ҳафтод" ба калимаҳои "ҳафтод то ҳаштод" иваз карда шаванд.

7. Дар санксияи моддаи 342 калимаҳои "бист то сӣ" ба калимаҳои "сӣ то чил" иваз карда шаванд.

8. Дар моддаи 473:

- дар санксияи қисми 1 калимаҳои "се то панҷ", "понздаҳ то бист" ва "чил то панҷоҳ" мувофиқан ба калимаҳои "панҷ то ҳафт", "бист то сӣ" ва "панҷоҳ то ҳафтод" иваз карда шаванд;

- дар санксияи қисми 2 калимаҳои "панҷ то ҳафт" ва "сӣ то чил" мувофиқан ба калимаҳои "ҳафт то даҳ" ва "чил то панҷоҳ" иваз карда шаванд.

9. Моддаи 550 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

"Моддаи 550. Рекламаи доруворӣ, маснуоти таъйиноти тиббӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти санитарию гигиенӣ, ғизои кӯдакон, шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ) ва маккаку пистонак

1. Барои рекламаи доруворӣ, маснуоти таъйиноти тиббӣ, техникаи тиббӣ, таҷҳизоти санитарию гигиенӣ бе иҷозати истеҳсол ё фурӯши онҳо, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи тандурустӣ дода мешавад,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз даҳ то бист, ба шахсони мансабдор аз сӣ то чил ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои рекламаи ғизои кӯдакон, шишачаҳои ширмакконӣ (шишачаҳои ширдӯшӣ) ва маккаку пистонак,-

ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то чил, ба шахсони мансабдор аз чил то шаст ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1179

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 24 декабря 2014 года,№ 1714

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

 от 5 марта 2015 года, № 784

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Внести в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч. 1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст. 2; ст. 5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч. 1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; №7-8, ст. 610; №12, ст. 838; 2012 г., №4, ст. 256; №7, ст. 685; ст. 693; №8, ст.814; №12, ч. 1, ст.1004; 2013 г., №3, ст. 181; №7, ст. 508; 2014 г., №3, ст. 143; ст. 144; №7, ч. 1, ст. 389; ст. 390), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 90:

- название статьи после слова "содержанию" дополнить словом ", обучению";

- диспозицию статьи после слов "представителями несовершеннолетних" дополнить словами ", а также лицами, осуществляющими воспитание ребенка на договорной основе,";

- из санкции статьи слова "одного до трёх" заменить словами "трёх до пяти".

2. В статье 313:

- в санкции части 1 слова "пяти до семи" и "трёх до шести" соответственно заменить словами "семи до десяти" и "четырёх до шести";

- в санкции части 2 слова "семи до десяти" заменить словами "десяти до пятнадцати".

3. В статье 329:

- в санкции части 1 слова "одного до трех" и "до одного года" соответственно заменить словами "трех до пяти" и "от шести  месяцев до одного года";

- в санкции части 2 слова "трех до пяти" заменить словами "пяти до семи";

- в санкции части 3 слова "пяти до семи" заменить словами "семи до десяти".

4. Статью 333 дополнить частью 3 следующего содержания:

"3. Нарушение водителями транспортных средств правил дорожного движения, повлекшее причинение легкого вреда здоровью человека, -

влечет наложение штрафа от десяти до пятнадцати показателей для расчетов или лишение права управления транспортными средствами на срок до шести месяцев.".

5. В статье 336:

- в санкции части 1 слова "двух до трех" заменить словами "трех до пяти";

- в санкции части 2 слова "трех до пяти" заменить словами "пяти до семи".

6. В статье 337:

- в санкции части 1 слова "тридцати до пятидесяти" заменить словами "пятидесяти до семидесяти";

- в санкции части 2 слова "пятидесяти до семидесяти" заменить словами "семидесяти до восьмидесяти".

7. В санкции статьи 342 слова "двадцати до тридцати" заменить словами "тридцати до сорока".

8. В статье 473:

- в санкции части 1 слова "трех до пяти", "пятнадцати до двадцати" и "сорока до пятидесяти" соответственно заменить словами "пяти до семи", "двадцати до тридцати" и "пятидесяти до семидесяти";

- в санкции части 2 слова "пяти до семи" и "тридцати до сорока" соответственно заменить словами "семи до десяти" и "сорока до пятидесяти".

9. Статью 550 изложить в следующей редакции:

"Статья 550. Реклама медикаментов, изделий медицинского назначения, медицинской техники, санитарно - гигиенического оборудования, продуктов детского питания, бутылочек (рожков) для кормления, сосок, пустышек

1. Реклама медикаментов, изделий медицинского назначения, медицинской техники, санитарно-гигиенического оборудования при отсутствии разрешения на их производство или реализацию, которое выдаётся уполномоченными органами в области здравоохранения, -

влечёт наложение штрафа на физических лиц в размере от десяти до двадцати, на должностных лиц - от тридцати до сорока и на юридические лица - от пятисот до тысячи показателей для расчётов.

2. Реклама продуктов детского питания, бутылочек (рожков) для кормления, сосок, пустышек, -

влечёт наложение штрафа на физических лиц в размере от двадцати до сорока, на должностных лиц - от сорока до шестидесяти и на юридические лица - от пятисот до тысячи показателей для расчётов.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                  Эмомали Рахмон

г.Душанбе, от 18 марта 2015 года, № 1179