ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри соли 2014, № 1718
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 24 декабри соли 2014, № 1718
қабул гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 781
ҷонибдорӣ гардидааст.
Бо қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 5 марти соли 2015, № 781
ҷонибдорӣ гардидааст.
Моддаи 1. Ба моддаи 401(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68; мод.69; №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149; мод.167; с.2002, №11, мод.675; мод.750; с.2003, №8, мод.456; мод.468; с.2004, №5, мод.346; №7, мод.452; мод.453; с.2005, №3, мод.126; №7, мод.399; №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3; №6, мод.444; мод.447; №10, мод.803; №12, қ.1, мод.986; №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80; №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155; №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161; №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258; №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403; мод.404; №11, мод.785; №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141; №7, қ.1, мод.385; мод.386), эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:
- "Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
...