Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2015 № 1176 "Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Бо қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 24 декабри соли 2014, № 1718

қабул гардидааст.

Бо қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 марти соли 2015, № 781

ҷонибдорӣ гардидааст.

Моддаи 1. Ба моддаи 401(1) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68; мод.69; №22, мод.306; с.1999, №12, мод.316; с.2001, №4, мод.149; мод.167; с.2002, №11, мод.675; мод.750; с.2003, №8, мод.456; мод.468; с.2004, №5, мод.346; №7, мод.452; мод.453; с.2005, №3, мод.126; №7, мод.399; №12, мод.640; с.2007, №7, мод.665; с.2008, №1, қ.1, мод.3; №6, мод.444; мод.447; №10, мод.803; №12, қ.1, мод.986; №12, қ.2, мод.992; с.2009, №3, мод.80; №7-8, мод.501; с.2010, №3, мод.155; №7, мод.550; с.2011, №3, мод.161; №7-8, мод.605; с.2012, №4, мод.258; №7, мод.694; с.2013, №6, мод.403; мод.404; №11, мод.785; №12, мод.881; с.2014, №3, мод.141; №7, қ.1, мод.385; мод.386), эзоҳ бо мазмуни зайл илова карда шавад:

- "Эзоҳ: Шахсе, ки ихтиёрӣ аз иштироки ғайриқонунӣ дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо то қатъ гардидани фаъолияти воҳиди мусаллаҳ, анҷом ёфтани задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ даст мекашад, агар дар кирдори ӯ аломатҳои таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошанд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

18 марти соли 2015 № 1176

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Принят Постановлением МН МОРТ

от 24 декабря 2014 года, № 1718

Одобрен Постановлением ММ МОРТ

от 5 марта 2015 года,№ 781

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЯ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Статью 401(1) Уголовного кодекса Республики Таджикистан, принятого Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68; ст.69; №22, ст.306; 1999 г., №12, ст.316; 2001 г., №4, ст.149; ст.167; 2002 г., №11, ст.675; ст.750; 2003 г., №8, ст. 456;ст.468; 2004 г., №5, ст.346; №7, ст.452; ст.453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст.640; 2007 г., №7, ст.665; 2008 г., №1, ч.1, ст.3; №6, ст.444; ст.447; №10, ст.803; №12, ч.1, ст.986; №12, ч.2, ст.992; 2009 г., №3, ст.80; №7-8, ст.501; 2010 г., №3, ст. 155; №7, ст.550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст.605; 2012 г., №4, ст.258; №7, ст.694; 2013 г., №6, ст.403; ст.404; №11, ст.785; №12, ст.881; 2014 г., №3, ст.141; №7, ч.1, ст.385; ст.386), дополнить примечанием следующего содержания:

- "Примечание: Лицо, добровольно отказавшееся от незаконного участия в вооруженном формировании, вооруженном конфликте или военных действиях на территории других государств до прекращения деятельности вооруженного формирования, завершения вооруженного конфликта или военных действий, если в его действиях не содержатся признаки иного состава преступления, освобождается от уголовной ответственности.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                     Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

от 18 марта 2015 года, № 1176