Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, № 301
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 1998, № 301 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисмҳои якум ва дуюми банди 1 Низомнома калимаҳои "шаш (6)" ва "2000 (ду ҳазор) доллари ШМА" мутаносибан ба калимаҳо ва рақамҳои "дувоздаҳ (1-2)" ва "1000 (ҳазор) доллари ШМА" иваз карда шаванд.
2. Ба банди 7 ҷумлаи нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Қарори Комиссияи дарёфти Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 28 феврали соли 2015 № 131
ш. Душанбе
аз 28 феврали соли 2015 № 131
ш. Душанбе
...