Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2015, № 66
тасдиқ шудааст
Замимаи 2
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2015, № 66
тасдиқ шудааст
Тартиби хизматрасонии бамузди байторӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи байторӣ" ва "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" таҳия гардида, қоида ва шартҳои пешниҳоди хизматрасонии муздноки байториро ба шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, новобаста аз шакли моликияташон - соҳибони ҳайвонот муайян мекунад.
2. Ба хизматрасонии бамузди байторӣ мансубанд:
- чорабиниҳои клиникӣ, ташхисӣ, табобатию профилактикӣ, байторию санитарӣ, терапевтӣ, ҷарроҳӣ, акушерию гинекологӣ, зиддиэпизоотӣ, санитарию гигиенӣ, эмкунӣ (фаъол ва мафъул), дезинфексия, дезинсексия, дератизатсия, дегелминтизатсия (ба истиснои 8 номгӯи бемориҳои сироятии ҳайвонот, ки ташхис ва пешгирии онҳо, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 182 барои ҳамаи категорияҳо ва шаҳрвандон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ сурат мегирад);
- муайян кардани бордорӣ ва ҳомилаи ҳамаи намудҳои чорво, гирифтан ва гузаронидани эмбрионҳо ва дигар чорабиниҳои вобаста ба зиёдшавии чорво, парранда, моҳӣ, занбӯри асал ва ҳамлу нақли онҳо;
- барасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷатҳои байторӣ (шаҳодатномаи байтории гузариш, сертификатҳо, маълумотномаҳо, шиносномаҳо, шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва ғайраҳо);
- маслиҳатҳо (машваратҳо, тавсияҳо) оид ба масъалаҳои ташхис, табобат, пешгирии ҳамаи намудҳои касалиҳо ва технологияи нигаҳдории чорво;
- додани шаҳодатномаи мутобиқати байторию санитарии шароити истеҳсолии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба забҳи ҳайвонот, истеҳсол, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯши гӯшт, маҳсулоти гӯштӣ, ашёи хоми ҳайвонот, инчунин ба воридоту содироти чунин маҳсулот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд;
...