Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2014 № 834 "Дар бораи таъсиси Шӯрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175)

Мутобиқи моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

2. Низомнома ва ҳайати Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175(замимаҳои 1 ва 2).

3. Дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида шуроҳои маҳаллии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис дода, низомнома ва ҳайати онҳо тасдиқ ва фаъолияти онҳо ба роҳ монда шавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

4. Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2011, № 682 "Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011, № 485 "Дар бораи Шӯрои миллии тандурустии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон".


Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Раиси

...

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2014, № 834

Низомномаи Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 454, аз 28.03.2026 № 175)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175)

1. Муқаррароти умумӣ

1. Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Шуро) мақоми машваратию маслиҳатӣ буда, бо мақсади таҳкими фаъолият дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла амалисозии раванди Солимии ягона, ҳамоҳанг намудани фаъолияти вазорату идораҳо ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мазкур, дарёфти роҳу усулҳои муассири амалигардонии сиёсат ва таҳияи пешниҳодҳо дар самти афзалиятноки соҳа таъсис дода шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

2. Шуро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

3. Шуро тибқи нақшае, ки Раиси он тасдиқ намудааст, фаъолият мекунад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

2. Мақсад ва вазифаҳои Шуро

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175)

4. Мақсади асосии Шуро аз ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, таълимӣ, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла амалисозии раванди Солимии ягона иборат мебошад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

5. Вазифаҳои асосии Шуро инҳо мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175):

- татбиқи стратегияҳо дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла натиҷаҳои мониторинг ва арзёбии онҳо;

- амалӣ намудани раванди Солимии ягона ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин самт (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- амалӣ намудани сиёсати самарабахши ноилшавӣ ба саломатии ҳамагон, ки ба шарикии васеъ ба манфиати тандурустӣ асос ёфтааст;

- татбиқи Консепсияи иолоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рушд, ҳолати сармоягузории давлатӣ ва такмили низоми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саломатии ҳайвонот ва ҳифзи муҳити зист (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- таҳия, татбиқ ва самаранокии лоиҳаю барномахр дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, саломатии ҳайвонот ва ҳифзи муҳити зист (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- омӯзиши фаъолияти дигар созмонҳои ҷамъиятии (кумитаю комиссияҳо) марбут ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саломатии ҳайвонот ва ҳифзи муҳити зист (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи саломатии ҳайвонот ва солимии муҳити зист (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- баррасии масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробон;

- мусоидат намудан ба ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ба беҳдошти вазъи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи саломатии ҳайвонот ва солимии муҳити зист равонагардида (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- ташкил ва гузаронидани мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробон;

- дигар масъалаҳои муҳиме, ки ба саломатии аҳолӣ ва рушди соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи саломатии ҳайвонот ва муҳити зист алоқаманд мебошанд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

3. Ҳуқуқҳои Шуро

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175)

6. Шуро барои татбиқи мақсаду вазифаҳои гузошташуда ҳуқуқ дорад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175):

- тибқи тартиби муқарраргардида аз сохторҳои мақомоти марказӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалии муҳими Тоҷикистон маводро дархост ва истифода намояд;

- дар ҷаласаҳо, конференсияю машваратҳои сохторҳои мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иштирок кунад;

- тибқи тартиби муқарраргардида барои иҷрои корҳои муайян ташкилоту муассисаҳо, мутахассисон ва олимонро ҷалб намояд;

- оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатӣ ва иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи саломатии ҳайвонот ва муҳити зист ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодҳо манзур намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- фаъолияти вазорату идораҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла Солимии ягона ҳамоҳанг намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- масъалаҳои муҳими марбут ба ҳифзи иҷтимоии маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробонро баррасӣ намояд;

- ба ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ барои татбиқи барномаҳо ва лоиҳаҳои ба беҳдошти вазъи аҳолии осебпазир равонагардида мусоидат намояд;

- мониторинги фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба таъмини ҳуқуқҳои маъюбон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва кӯдакони ятиму бесаробонро ташкил намояд;

- роҳбарони вазорату идораҳо, аз ҷумла намояндагони бахшҳои сохтории Созмони Милали Муттаҳид ва шарикони рушдро ба ҷаласаҳо даъват карда, иттилооти онҳоро оид ба корҳои анҷомдодашуда баррасӣ намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- ба фаъолияти Шуро мутахассисони вазорату идораҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои манфиатдорро, ки ба ҳайати Шуро дохил нестанд, барои гузаронидани чорабиниҳое, ки аз вазифаҳои Шуро бармеоянд, ҷалб намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- бо мақсади амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар доираи раванди Солимии ягона гурӯҳи техникии роҳбарикунанда ва гурӯҳҳои техникии кориро таъсис диҳад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла амалисозии раванди Солимии ягона ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми дахлдори давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ тибқи тартиби муқарраргардида тавсия ва пешниҳодҳо манзур намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

4. Ташкили фаъолияти Шуро

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175)

7. Шакли асосии фаъолияти Шуро ҷаласаи Шуро мебошад. Ҷаласаи Шуро дар шаш моҳ як маротиба гузаронида мешавад. Дар ҳолатҳои зарурӣ Шуро метавонад ҷаласаҳои ғайринавбатии худро баргузор намояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

8.Ҷаласаи Шуроро Раиси он ё бо супориши ӯ муовини Раиси Шуро раисӣ менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

9. Ҷаласаи Шуро дар сурати дар он иштирок доштани на камтар аз нисфи аъзои Шуро салоҳиятнок ҳисобида мешавад. Қарори Шуро бо овози аксари аъзои дар ҷаласа иштирокдошта қабул гардида, бо протоколи маҷлис ба расмият дароварда мешавад. Протоколи маҷлисро Раиси Шуро ё шахси дар ҷаласа раисикунанда имзо менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

10. Шуро фаъолияти худро мунтазам дар воситаҳои ахбори умум инъикос менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

11. Мақоми кории Шуро дар доираи амалисозии раванди Солимии ягона котибот мебошад. Котиботро котиби масъул роҳбарӣ мекунад, ки ӯ бо пешниҳоди раиси Шуро аз ҷониби аъзои Шуро таъин мегардад. Тартиби фаъолияти котибот, ҳайат ва уҳдадориҳои аъзо аз ҷониби Раиси Шуро тасдиқ карда мешаванд. Котибот фаъолияти худро тибқи талаботи Низомномаи мазкур ва Тартиби фаъолияти котибот ба роҳ мемонад.

12. Вазифаҳои асосии котибот аз инҳо иборатанд:

- ҳамоҳангсозии аз номи Шуро гузаронидани чорабиниҳо дар доираи амалисозии раванди Солимии ягона;

- таҳияи нақшаи кори Шуро дар самти раванди Солимии ягона;

- таъмин намудани раис ва муовини раиси Шуро бо маълумот;

- ташкил намудани ҷаласаҳои Шуро дар доираи амалисозии раванди Солимии ягона дар алоҳидагӣ ва огоҳ намудани аъзои Шуро оид ба сана ва рӯзномаи онҳо;

- таҳияи мавод барои баррасӣ дар ҷаласаи Шуро;

- таъмин намудани аъзои Шуро бо маводди зарурӣ;

- ба роҳ мондани пешбурди коргузории ҷаласаҳои Шуро;

- ҳамкорӣ намудан бо муассисаҳои давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар мувофиқа бо аъзои Шуро;

- мусоидат намудан ба фаъолияти гурӯҳи техникии роҳбарикунанда ва гурӯҳҳои кории техникӣ дар доираи амалисозии раванди Солимии ягона;

- омода намудани ҳисоботҳои солона оид ба масъалаҳои Солимии ягона ва паҳн намудани онро дар байни аъзои Шуро (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).


Таҳрири нав (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 454)

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 сентябри соли 2019, № 454

тасдиқ шудааст

 

Ҳайати Шурои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175) 

Раиси шурои миллӣ - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарпарасти соҳа (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- муовини раиси шурои миллӣ - вазирн тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- котиби масъули шӯрои миллӣ дар доираи амалисозии раванди Солимии ягона (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- котиби масъули шурои миллӣ - сармутахассиси раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).

Аъзои шурои миллӣ:

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175) 

- сардори раёсати рушди иҷтимоии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- сартабиби давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175);

- муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати ҶТ аз 3.09.2019 № 454);

- муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- роҳбарони намояндагиҳои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, Барномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист, Бонки Умумиҷаҳонӣ, Бонки Осиёии Рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии соҳавӣ (дар мувофиқа) (қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.03.2026 № 175).