Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 369 "Дар бораи объектҳои махсусан муҳим" зербанди 32) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"32. Кони ангишти майдонҳои Ғарбӣ (Канте) ва Марказии (минтақаи Ҷиҷикруд)-и ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 31 декабри соли 2014 № 831
ш. Душанбе
Правительство Республики Таджикистан
ПОСТАНОВЛЕНИЕ
О внесении дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369
В соответствии со статьей 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативный: правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:
1. Дополнить пункт 1 постановления Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2008 года, №369 "Об особо важных объектах" подпунктом 32) следующего содержания:
"32. Месторождения угля Западной (Канте) и Центральной (Джиджикруд) площадей Айнинского района Согдийской области Республики Таджикистан".
Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г.Душанбе,
от 31 декабря 2014 года, № 831