Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Дар Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 172 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Банди 3 боби 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Ба мақоми иҷозатномадиҳанда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ талаб кардан ё мустақилона муқаррар кардани намудҳои иловагии ҳуҷҷатҳое, ки ба фаъояият вобастаанд ва муқаррар кардани талабот ё шартҳои иловагии дар Низомномаи мазкур пешбининагардида манъ аст. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" дода мешаванд.".
2. Дар сархати чоруми банди 4 боби 16 калимаи "акти" ба калимаи "санади" иваз ва баъд аз калимаи "бошад" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
3. Банди 3 боби 17 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"3. Барои гирифтани иҷозатнома намунаи маҳсулоти матбаавӣ, ки минбаъд тайёр карда мешавад, ҳамчун ҳуҷҷати иловагӣ ба мақоми давлатӣ пешниҳод карда мешавад.".
4. Дар сархати дуюми банди 3 боби 18 баъд аз калимаи "муқарраргардида" калимаҳои ", ки он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд.
5. Дар боби 23:
- сархати якуми банди 7 хориҷ карда шавад;
- дар банди 8:
- дар сархатҳои дуюм ва сеюм мутаносибан баъд аз калимаҳои "иҷозатдиҳӣ" ва "саноатӣ" калимаҳои ", ки онҳо ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ набуда, дар асоси дархости мақоми иҷозатномадиҳанда дода мешавад" илова карда шаванд;
...