Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза мебошад аз 31 декабри соли 2014 № 813

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2014, № 813

тасдиқ шудааст

Замимаи 2

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 31 декабри соли 2014, № 813

тасдиқ шудааст

Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза мебошад

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби гузаронидани тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда барои ташаккули махзани давлатии тиру гилза мебошад (минбаъд-Тартиб), аз ҷумла талаботи техникӣ барои тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, бақайдгирӣ, нигоҳдорӣ, супоридани тир ва гилзаҳои санҷишӣ ба махзани давлатии тиру гилзаҳо, инчунин азҳисоббарорӣ ва нобуд сохтани тир ва гилзаҳои санҷишии истифодашударо дар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда ба танзим медарорад.

2. Талаботи техникӣ барои тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда мебошад

2. Тирпарронии санҷишӣ аз силоҳи оташфишони милаш рахпече, ки гардиши он дар ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда амалӣ мегардад, дар машқгоҳҳо ё дар ҷойҳои махсуси бо воситаҳои тиргирӣ муҷаҳҳаз гардонидашуда, ки гирифтани изҳои сифатноки тиру гилзаҳоро таъмин менамояд, ба таври комиссионӣ гузаронида мешавад.

3. Пеш аз тирпарронии санҷишӣ силоҳ ва қисмҳои асосии он пурра аз равғанҳои молидании саноатӣ ва моддаҳои ғайр тоза карда мешаванд.

4. Аз силоҳи оташфишони милаш рахпеч, ки калибри он на беш аз 12,7 мм мебошад, тирпарронии санҷишӣ гузаронида мешавад:

- силоҳе, ки дар ихтиёри ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда мебошад;

- силоҳе, ки бо мақсади коллексиякунӣ ва банамоишгузорӣ ҷамъоварӣ карда шудааст;

...

Приложение 2

 Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2014 года, № 813

Приложение 2

 Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 31 декабря 2014 года, № 813

Порядок контрольного отстрела огнестрельного оружия с нарезным стволом, находящегося на вооружении государственных военизированных организаций для формирования государственной пулегильзотеки

1. Общие положения

1. Порядок контрольного отстрела огнестрельного оружия с нарезным стволом, находящегося на вооружении государственных военизированных организаций для формирования государственной пулегильзотеки (далееПорядок), в том числе регулирует технические требования к контрольному отстрелу из огнестрельного оружия с нарезным стволом, учёт, хранение, передачу контрольных пуль и гильз в государственную пулегильзотеку, а также списание и уничтожение отработанных контрольных пуль и гильз в государственных военизированных организациях.

2. Технические требования к контрольному отстрелу из огнестрельного оружия с нарезным стволом, находящегося на вооружении государственных военизированных организаций

2. Контрольный отстрел из огнестрельного оружия с нарезным стволом, оборот которого осуществляется в государственных военизированных организациях, производится комиссионно в тирах или в специально оборудованных местах средствами пулеулавливания, обеспечивающих получение качественных следов на пулях и гильзах.

3. Перед контрольным отстрелом, оружие и его основные части полностью очищаются от заводской смазки и инородных веществ.

4. Из огнестрельного оружия с нарезным стволом калибра не более 12,7 мм, производится контрольный отстрел:

- оружия, находящиеся в распоряжении государственных военизированных организаций;

- оружия с целью формирования коллекции и экспонирования;

...