Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Муассисаи давлатии "Маркази ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон"
Мутобиқи моддаҳои 52, 132 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ", бо мақсади таъмини шаффофият, пешгирии ҳолатҳои беасос муқаррар намудани нафақаи маъюбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии "Маркази ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон" аз ҳисоби ихтисори шумораи штатии кормандони Муассисаи давлатии "Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо теъдоди 17 воҳид таъсис дода шавад.
2. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ дар мӯҳлати ду моҳ масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи давлатии "Маркази ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон"-ро тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал намояд.
3. Хадамоти давлатии ташхиои тиббию иҷтимоӣ Низомномаи Муассисаи давлатии "Маркази ташхиси тиббию иҷтимоии маъюбон"-ро таҳия ва тасдиқ намояд.
4. Банди 1 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, № 601 "Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"1. Низомнома, Сохтори дастгоҳи марказӣ, Нақшаи идоракунӣ ва Номгӯи муассисаҳои системаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3 ва 4).".
5. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №601 "Дар бораи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ" замимаи 4 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 812
тасдиқ шудааст
"Замимаи 4
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 31 декабри соли 2014, № 812
...