Тартиби таъини аудити экологии ҳатмӣ аз 31 декабри соли 2014 № 789

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "31" декабри соли 2014, № 789

тасдиқ шудааст

Тартиби таъини аудити экологии ҳатмӣ

1. Тартиби таъини аудити экологӣ тибқи банди 4 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи аудити экологӣ" таҳия шуда, муносибати иштирокчиёни аудити ҳатмии экологиро танзим ва талаботи ягонаро ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ муқаррар мекунад.

2. Аудити зкологии ҳатми бо қарори мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологӣ ташкил ва гузаронида мешавад ва аз рӯи хусусияти худ аудити экологии давлатӣ ба шумор меравад.

3. Аудити экологии ҳатмӣ, чун қоида, нисбати корхона ва намудҳои фаъолияти аз нигоҳи экологӣ хатарнок (объектҳои аудити экологӣ), ҳамчунин дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:

а) суғуртакунии экологӣ бо мақсади муайян намудани андозаи пардохти суғуртавӣ ва (ё) зарар;

б) арзёбии фаъолият оид ба бартарафсозии оқибатҳои экологии садама ва ҳолатҳои фавқулодда;

в) иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;

г) дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Аудити экологии ҳатмӣ тибқи нақшаи солонаи гузаронидани аудити экологӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологӣ тартиб дода мешавад, гузаронида мешавад. Ҳангоми таъини аудити экологии ҳатмӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба инобат гирифта мешавад.

5. Аудити экологии ҳатмӣ яке аз функсияҳои идоракунии давлатии истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ба шумор рафта, аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ дар асоси Иҷозатномае, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби мақомоти давлатии махсуси барои ин кор ваколатдор дода шудааст, гузаронида мешавад.

6. Ҳангоми гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ масъалаҳои зерин баррасӣ карда мешаванд:

а) арзёбии технология;

б) арзёбии сатҳи таъсиррасонии омилҳои хатарнок;

в) арзёбии оқибатҳои эҳтимолияти таъсиррасонӣ ба аҳолӣ;

г) арзёбии чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва саломатии аҳолӣ;

д) арзёбии чорабиниҳо оид ба тағйирдиҳии технология;

е) ташаккули стратегия ва чорабиниҳо оид ба таъмини паст кардани таъсирррасонии техногенӣ ба муҳити зист;

ж) арзёбии ҳаҷми хароҷот ва фоида аз рӯи ҳар як нақшаи камкунии ифлосшавии муҳити зист;

з) интихоби стратегияи муносиби корхона (манфиатбахш аз нигоҳи ҳифзи саломатӣ, паст кардани таъсиррасонии номатлуб ба муҳити зист, ҳамчунин бо дарназардошти зарурияти арзёбии хароҷот ва фоидаи иқтисодӣ).

7. Аз рӯи натиҷаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ хулосаи аудити экологӣ тартиб дода мешавад.

8. Хулосаи аудиторӣ дурустии нақшаҳои арзёбии зеринро дар бар мегирад:

а) фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист;

б) ҳисоботи муҳосибӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист;

в) барасмиятдарории ҳисоботи дахлдор ва ҳолати назорати дохилиидоравӣ;

г) камбудиҳо дар пешбурди ҳисобот оид ба фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист.

9. Ғайр аз ин дар хулосаи аудиторӣ ҳолатҳое, ки хусусияти шартҳои махсуси тасдиқ шудан ва ё нашудани ҳисоботро мекушоянд; арзёбии дурустии бақайдгирии партовҳо; арзёбии дурустаи маълумоти дар ҳуҷҷатҳои экологии корхона дарчгардида; арзёбии дурустии маълумоти барои аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма омодашуда инъикос меёбанд.

10. Хулосаи аудиторӣ аз ҷониби аудиторҳои аз аттестатсия гузашта имзо гардида, аз ҷониби роҳбари ташкилоти аудиторӣ ва ё дигар шахси мансабдори аз ҷониби ӯ салоҳиятдоршуда тасдиқ карда мешавад.

11. Ба маълумоти махфӣ, ки дар раванди гузаронидани аудити экологӣ аудитор дастрасӣ пайдо мекунад, қоидаи ҳуқуқии махсус татбиқ мегардад.

12. Аудити экологии ҳатмӣ дар чунин шаклҳо гузаронида мешавад:

а) аудити экологии пурра, яъне дар шакли санҷиши комплексии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти субъекти аудитшаванда, ки бо истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист алоқаманданд;

б) аудити экологии махсусгардонидашуда, яъне дар шакли санҷиши таъсиррасонӣ ба ҷузъҳои алоҳидаи муҳити зист аз ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуда фаъолияти субъекти аудитшаванда, ки бо истифодаи сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист алоқаманданд.

13. Аудити экологии ҳатмӣ бо чунин мақсадҳо гузаронида мешавад:

а) санҷиши ҳолати муҳити зист дар сарҳади минтақаи муҳофизатию санитарии объектҳои субъекти аудити экологӣ, ки дар раванди фаъолияти онҳо ба муҳити зист таъсир расонида мешавад;

б) санҷшпи мутобиқати фаъолияти хоҷагидори ва дигар фаъолиятҳои субъекти аудити экологӣ, ҳамчунин иншоот, истеҳсолот, сехҳо ва дигар объектҳо, ки истифодаи онҳо метавонад ба ҳолати муҳити зист таъсир расонад, ба талаботи қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист;

в) санҷиши ҳуҷҷатҳо (лоиҳавӣ, техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ ва ғайраҳо) ҷиҳати мувофиқат ба қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист;

г) санҷиши мутобиқати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба қонунгузорӣ дар бахши ҳифзи муҳити зист;

д) арзёбии эҳтимолияти сар задани офатҳои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта;

е) арзёбии зарари ба муҳити зист расонидашуда.

14. Ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ аудитор ва ё ташкилоти аудитории экологӣ инро таъмин менамояд:

а) барасмиятдарории саволнома барои фармоишгар ва (ё) субъекти аудити экологӣ ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатгузорӣ ва маълумот оид ба объектҳои аудити экологӣ;

б) омодасозии лоиҳаи шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ, ташкили ба имзорасонии он ва назорат аз болои иҷрои он;

в) ташкили ҷамъоварӣ ва гузаронидани таҳлили ҳуҷҷатҳои аз ҷониби фармоишгари аудити экологӣ ва (ё) субъекти аудити экологӣ пешниҳодшуда;

г) тартиб додани нақшаи гузаронидани аудити экологии субъекти аудити экологӣ, аз ҷумла нақшаи вазъи санҷиш дар сурати бештар аз 10 гектар будани масоҳати таҳқиқшавандаи объекти фармоишгар, ҷиҳати фаъолияти муттасили ҳар як аудитор ва истифодаи самараноки вақти корӣ;

д) қабули қарор дар бораи зарурати ҷалби Маркази таҳлили аналитикӣ барои арзёбии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳои субъекти аудити экологӣ ба ҳолати муҳити зист;

е) мутобиқи қонунгузорӣ қабули қарор дар бораи дар асоси шартнома ҷалб намудани экспертҳои техникӣ, ки тахассуси заруриро дороанд, барои додани тавсия ва санҷиши масъалаҳои алоҳидае, ки донишҳои махсусро дар бахши сохтмон, энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ талаб менамояд, ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ;

ё) гузаронидани аудити экологии субъекти аудити экологӣ дар асоси нақшаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ;

ж) аз ҷониби ҳар аудитори экологӣ омода намудани иттилооти хаттӣ оид ба натиҷаҳои аудити экологӣ дар асоси тақсимоти вазифаҳо тибқи нақшаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ;

з) омода намудани ҳисобот оид ба гузаронидани аудити экологӣ;

и) омода намудани тавсияҳо оид бартарафсозии нуқсону камбудиҳои ошкоршуда;

к) тайёр намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмили фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист;

л) арзёбии зарари ба ҷузъи муайяни муҳити зист расонидашуда (гузаронидани ҳисоби маблағҳое, ки бояд аз субъекти аудити экологӣ аз рӯи иддао ва даъво барои таъсири аз меъёр зиёд ба муҳити зист ситонида шаванд);

м) тайёр намудани хулосаи аудатор ва ташкилоти аудитории экологӣ оид ба гузаронидани аудити экологӣ;

н) қабули қарор доир ба мавҷуд будани хавфу хатари экологӣ ба муҳити зист ва зарурати иттилоотонии мақомоти давлатии марбута;

о) дигар амалҳои муҳими ҳуқуқӣ.

15. Тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ ва қоидаҳои пешниҳоди хулоса оид ба гузаронидани аудити экологиро мақоми ваколатдори танзими давлатии аудити экологӣ муайян мекунад.