ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ДОХИЛ КАРДАНИ САРВАТҲОИ ФАРҲАНГӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 "Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод.511; с. 2008, №12, қ.2, мод. 1014) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Номи Қонун дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
"ДАР БОРАИ БЕРУН БАРОВАРДАН ВА ВОРИД КАРДАНИ САРВАТҲОИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГӢ".
2. Моддаҳои 1 ва 2 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
"Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии ҳифз ва нигоҳдории мероси таърихию фарҳангиро муайян намуда, тартиби аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун баровардан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангиро муқаррар менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.".
3. Дар моддаи 3:
- дар моддаи мазкур ва минбаъд дар тамоми матни Қонун сархатҳо бо аломати дефис "-" ишора карда шаванд;
- дар сархати якум калимаҳои "сарватҳои" ва "фарҳангиро ифода мекунанд" мувофиқан ба калимаҳои "сарватҳои таърихию" ва "таърихию фарҳангӣ доранд" иваз карда шаванд;
- ба сархатҳои дуюм, чорум ва панҷум баъд аз калимаи "сарватҳои" калимаи "таърихию" илова карда шавад;
- дар сархати сеюм калимаҳои "дохил" ва "сарватҳои" мувофиқан ба калимаҳои "ворид" ва "сарватҳои таърихию" иваз карда шаванд.
...