ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ТАЪМИНИ НАФАҚАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 "Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, № 23-24, мод. 462; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, № 4, мод. 62; с. 1998, № 10, мод. 119; с. 2002, №4, қ.1, мод. 161; с. 2003, № 4, мод. 142; с. 2008, №6, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 92) тағйироти зерин ворид карда шавад:
1. Қисми якуми моддаи 1 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд:".
2. Дар матни моддаи 8 калимаи "яроқи" ба калимаи "силоҳи" иваз карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 11 калимаи "идораҳои" ба калимаи "мақомоти" иваз карда шавад.
4. Дар моддаи 12 калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идории" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии" иваз карда, пас аз калимаи "вилоятҳо," калимаҳои "шаҳри Душанбе," илова карда шаванд.
5. Дар қисми якуми моддаи 18 калимаҳои "мақомоти ҳокимияту идораи давлатӣ" ба калимаҳои "мақомоти ҳокимияти давлатӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
27 ноябри соли 2014 № 1151
ш.Душанбе
...