ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, № 1519
Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" фармон медиҳам:
Ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 сентябри соли 2013, № 1519 "Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар ном ва банди 1 калимаҳои "кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони" ба калимаҳои "шиносномаи шаҳрванди" иваз карда шаванд;
- дар банди 2 пас аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "намунаи соли 1996" илова карда шаванд;
- дар банди 3 калимаҳои "кортҳои идентификатсионӣ", "кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони" мувофиқан ба калимаҳои "шиносномаи шаҳрвандӣ", "шиносномаи шаҳрванди" иваз карда шаванд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
28 октябри соли 2014 № 282
ш.Душанбе
28 октябри соли 2014 № 282
...