Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 октябри соли 2014, 630
тасдиқ шудааст
Замима
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 14 октябри соли 2014, 630
тасдиқ шудааст
Тартиб ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо ҳангоми корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорию таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.02.2026
№ 96)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби мазкур дар асоси талаботи моддаи 14(1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ" таҳия гардида, қоидаҳо ва шартҳои пардохти кӯмакпулиҳо барои корношоямии мувакқатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавиро ба шахсони суғурташуда муайян менамояд.
2. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ бо тартиби умумӣ пардохт карда мешаванд, агар ҳуқуқи шахси суғурташуда барои гирифтани онҳо дар давраи кор пайдо шуда бошад.
3. Кӯмакпулиҳо то ба кор дохил шудан ё баъди аз кор озод шудан дода намешаванд, агар Тартиби мазкур ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад.
4. Кӯмакпулиҳо дар ҳолате муқаррар ва пардохт карда мешаванд, ки агар аз вақти барқарор гардидани коршоямӣ, муқаррар намудани маъюбӣ, ба анҷом расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ё таваллуди кӯдак на зиёда аз шаш моҳ гузашта бошад.
5. Пардохти кӯмакпулиҳо барои давраи гузашта (пурра ё қисман) бо ташаббуси мақомоти ваколатдор (масалан дар натиҷаи санҷиши дурустии муқаррар ва пардохт намудани кӯмакпулиҳо) бо назардошти риояи ҳамин мӯҳлат амалӣ карда мешавад.
6. Кӯмакпулиҳо барои корношоямии муваққатӣ, барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ва кӯмакпулиҳои оилавӣ аз ҷониби корфармо, аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.
...