Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 42 ва 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 1999, № 37 "Дар бораи тасдиқи либоси расмӣ, аломатҳои фарқкунанда ва меъёрҳои таъминоти кормандони мақомоти андоз бо амволи шайъӣ" рақами "98" ба рақами "85" иваз карда шавад.
2. Дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июли соли 1999, № 292 "Дар бораи муқаррар намудани лимити ба машрубот аз ангур, мева ва буттамева, ки аз ҷониби шахси воқеӣ истеҳсол мешавад ва барои истеъмоли худӣ истифода шуда, андозбандӣ намегардад" рақами "214" ба рақами "201" иваз карда шавад.
3. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008, № 380 "Дар бораи додани имтиёзҳои андозӣ ба корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи коркарди пурраи нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дӯзандагӣ) машғуланд" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
- дар номи қарор калимаи "азнавтаъсисёфта" ба калимаи "навтаъсис" иваз карда шавад;
- дар муқаддима ва банди 1 рақами "344" ба рақами "313" иваз карда шавад;
- дар банди 1 калимаи "азнавтаъсисёфтаи" ба калимаи "навтаъсиси" иваз карда шавад;
- дар бандҳои 3 ва 4 калимаҳои "энергетика ва саноати" ба калимаҳои "саноат ва технологияи нави" иваз карда шаванд;
- дар банди 5 калимаҳои "энергетика ва саноат" ба калимаҳои "саноат ва технологияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;
- дар банди 6 калимаҳои "банди 6 моддаи 344" ба калимаҳои "қисми 7 моддаи 313" иваз карда шаванд.
4. Дар банди 13 Қоидаҳои баҳисобгирӣ, додани рақами мушаххаси андозсупорандагон, муқаррар намудани рамзҳои сабабҳои ба ҳисоб гузоштан, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2013, № 323 тасдиқ шудаанд, калимаҳои "Тоҷикистонро (минбаъд -шиноснома)" ба калимаҳои "Тоҷикистон (минбаъд - шиноснома) ё шаҳодатномаи таваллудро" иваз карда шаванд.
5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 сентябри соли 2005, № 345 "Дар бораи Номгӯи молҳои (либос ва пойафзол, кулоҳ, маҳсулоти ҷӯроб) навъҳои кӯдаконаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсолшуда, ки таҳвили онҳо аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад" аз эътибор соқит дониста шавад.
...

6. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2008, № 78 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи муассисаю ташкилотҳо, ки барои хизматрасонии санаторию курортӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд" аз эътибор соқит дониста шавад.
7. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010, № 237 "Дар бораи тасдиқи Номгӯи иншооти истифодаи умум ва дигар иншоот, ки бо андоз аз амволи ғайриманқул андозбандӣ намегарданд" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 16 октябри соли 2014 № 659
ш. Душанбе