Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ аз 5 сентябр соли 2014 № 50

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2014, № 590

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 5 сентябри соли 2014, № 590

тасдиқ шудааст

Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ

Низомномаи мазкур қоидаҳои фаъолияти субъектҳои зотпарвариро доир ба чорвопарварӣ, қутоспарварӣ, гӯсфандпарварӣ, бузпарварӣ, асппарварӣ, паррандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ, бо дарназардошти ҳар як соҳа муайян менамояд.

1. Тартиби гузаронидани аттестатсияи давлатӣ дар фаъолияти субъектҳои зотпарварӣ

1. Аттестатсияи давлатӣ дар субъектҳои зотпарварӣ бо мақсади афзун гардонидани самаранокии корҳои селексионию зотпарварӣ дар чорводорӣ, вусъат додани ташаккули пода, рама ва галаҳои зотӣ, муайян ва беҳтар намудани захираҳои зотӣ гузаронида мешавад.

2. Ҳамаи субъектҳои зотпарварӣ, таълимию таҷрибавӣ ва стансияҳои таҷрибавӣ аз аттестатсия мегузаранд.

3. Аттестатсияи давлатӣ дар фаъолияти субъектҳои зотпарварӣ дар 5 сол як маротиба гузаронида мешавад.

4. Аттестатсияи давлатӣ аз тарафи Комиссия, ки он аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис меёбад, гузаронида мешавад. Комиссия аттестатсияи фаъолияти субъектҳоро новобаста ба тобеияти маъмурӣ ва шакли моликият мегузаронад.

5. Ба ҳайати Комиссия мутахассисони Вазорат, олимони соҳа, намояндагони ташкилотҳои зертобеи вилоятӣ, марказҳои селексионӣ, муассисаҳои илмӣ шомил карда мешаванд.

6. Аттестатсия аз рӯи қоидаҳои муайянгардида бо дарназардошти нишондиҳандаҳои миқдори ва сифатии маҳсулнокии чорво ва фаъолияти истеҳсолӣ тибқи замима гузаронида мешавад.

7. Субъектҳои зотпарварие, ки нисбати касалиҳои сироятӣ носолим мебошанд, аз аттестатсия гузаронида намешаванд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 5 сентября 2014 года, № 590

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 5 сентября 2014 года, № 590

Положение о порядке проведения аттестации и порядке присвоения хозяйствующим субъектам статуса племенного предприятия (хозяйства)

Настоящее Положение определяет правила деятельности племенных субъектов по скотоводству, яководству, овцеводству, козеводству, коневодству, птицеводству, рыбоводству и пчеловодству, учитывая специфику каждой отрасли.

1. Порядок проведения государственной аттестации в деятельности племенных субъектов

1. Государственная аттестация в деятельности племенных субъектов проводится с целью повешения эффективности селексионно-племенных работ в животноводстве, развития формирования стада, отары и племенных табун, определения и улучшения племенных запасов.

2. Все племенные субъекты, учебно-практические и опытные станции проходят аттестацию.

3. Государственная аттестация в деятельности племенных субъектов проводится 1 раз в течении 5 лет.

4. Государственную аттестацию проводит комиссия, созданная Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан. Комиссия проводит аттестацию деятельности племенных субъектов, независимо от административной подчиненности и форм собственности.

5. В состав Комиссии входят специалисты Министерства, ученые отрасли, представители подведомственных областных организаций, селекционных центров и научных учреждений.

6. Аттестация проводится по определенным правилам с учетом количественной, качественной продуктивности животных и производственной деятельности.

7. Племенные субъекты, являющиеся не благополученными по инфекционным заболеваниям к аттестацию не подлежат.

...