Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2014 № 538 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003, № 313"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003, № 313

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2003, № 313 "Дар бораи тасдиқи Низомнома ва ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил" тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

Ҳайати қисми тоҷикистонии Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз рӯи вазифа)

Раиси Комиссия: - муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Муовини Раиси - муовини Вазири мудофиаи Ҷумҳурии

Комиссия: Тоҷикистон - сардори Раёсат оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ;

Аъзои Комиссия: - сардори шӯъбаи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини ҳуқуқии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори Раёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовими сардори Раёсати буҷетҳои мудофиа ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сармутахассиси Раёсати мошинсозӣ, саноати мудофиа ва химияи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- сардори шӯъбаи тайёрии ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муовини Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраргардида Котиботи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро дар бораи ҳайати нави Комиссия хабардор намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

аз 9 августи соли 2014 № 538

ш. Душанбе