Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ аз 1 августи соли 2014 № 511

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2014 № 511

тасдиқ шудааст

Замимаи 1

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2014 № 511

тасдиқ шудааст

Низомномаи Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ (минбаъд - Хадамот) мақоми ваколатдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ пас аз баистифодадиҳӣ анҷом медиҳад.

2. Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ дар Нақшаи идоракунии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

3. Хадамот фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад.

4. Хадамот дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, фармоишҳои Вазорат ва Низомномаи мазкурро дастури амал қарор медиҳад.

2. ВАКОЛАТҲО

5. Хадамот дар доираи фаъолияти худ ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:

- назорати давлатиро дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда анҷом медиҳад;

...

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2014 года, №511

Приложение 1

утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2014 года, №511

ПОЛОЖЕНИЕ о Службе по государственному надзору в сфере безопасности гидротехнических сооружений

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Служба по государственному надзору в сфере безопасности гидротехнических сооружений (далее-Служба) является уполномоченным исполнительным органом государственной власти, обеспечивающим государственный контроль в сфере гидротехнических сооружений после ввода в эксплуатацию.

2. Служба находится в Схеме управления Министерства энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан.

3. Служба осуществляет свою деятельность в сотрудничестве с исполнительными органами государственной власти, общественными организациями и другими международными организациями.

4. Служба в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, конституционными законами Республики Таджикистан и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, постановлениями Маджлиси милли и Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, международными правовыми актами, признанными Таджикистаном, распоряжениями Министерства и настоящим Положением.

2. ПОЛНОМОЧИЯ

5. Служба в сфере своей деятельности реализует следующие полномочия:

- осуществляет государственный надзор в сфере безопасности гидротехнических сооружений, в соответствии с действующим законодательством;

...