ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(Фармони Президенти ҶТ аз 25.07.2018 № 1071, аз 27.01.2025 № 930)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо кадрҳои илмӣ фармон медиҳам:
1. Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" таъсис дода шавад.
2. Шумораи кормандони Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" 50 нафар (бе ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад № 930.
3. Маблағгузории музди меҳнати кормандони Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" тибқи тартиби муқарраргардида аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус анҷом дода шавад .
4. Миқдори автомашинаҳои хизматӣ барои Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" 2 адад муқаррар карда шавад (№ 930).
5. Маблағгузории Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 1 январи соли 2015 дар доираи маблағҳои барои соҳаҳои маориф ва илм пешбининамудаи буҷети ҷумҳуриявӣ таъмин карда шавад.
6. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо бинои маъмурӣ чораҳо андешад.
7. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати шаш моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба Фармони мазкур мутобиқ карда, Низомномаи Муассисаи давлатии "Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
12 августи соли 2014 № 255
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О создании Государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан"
(в редакции Указа Президента РТ от 25.07.2018г.№1071, от 27.01.2025 №930)
В соответствии со статьей 69 Конституции Республики Таджикистан в целях обеспечения потребности республики научными кадрами постановляю:
1. Создать Государственное учреждение "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан".
2. Установить Государственному учреждению "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" штат сотрудников в количестве 50 человек (без обслуживающего персонала)№930
3. Финансирование заработной платы сотрудников Государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" осуществить за счет средств республиканского бюджета и специальных средств
4. Установить лимит служебных автомобилей Государственному учреждению "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" в количестве 2 единицы №930.
5. Обеспечить финансирование Государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" с 1 января 2015 года в рамках средств, предусмотренных республиканским бюджетом для сферы образования и науки.
6. Государственному комитету по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан принять меры для обеспечения Государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан" административным зданием.
7. Правительству Республики Таджикистан в шестимесячный срок привести свои нормативные правовые акты в соответствии с настоящим Указом, разработать и представить на утверждение Положение Государственного учреждения "Высшая аттестационная комиссия при Президенте Республики Таджикистан".
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе,
от 12 августа 2014 года, № 255