Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ аз 1 августи соли 2014 № 507

Санаи амалкуни: 29.04.2024

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2014, № 507

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 августи соли 2014, № 507

тасдиқ шудааст

Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259)

1. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (минбаъд - Кадастр) - ин махзани маълумоти мураттабшуда дар бораи объектҳои барои нигохдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинигардида, инчунин ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ ва дар бораи макони ҷойгиршавӣ, хусусияти миқдорӣ ва сифатӣ, низоми назорат ва мониторинги маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва шароити нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ мебошад.

2. Кадастр дар доираи баҳисобгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода шуда, бо мақсади таъмин намудани назорати фаврӣ аз болои ҷойгир ва интиқол ёфтани парговҳои радиоактивӣ, шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо ва истифодабарии иқтидори мавҷуда оид ба нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ бурда мешавад.

3. Таъсис, ташкили пешбурди фаъолияти Кадастр ба зиммаи Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гузошта мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

4. Кадастр дар асоси варақаҳои бақайдгирие (намуна замима мегардад), ки аз ҷониби соҳибони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҷойҳои нигоҳдории мувақаттии партовҳои радиоактивӣ пур карда мешавад ва ҳар сол ба Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ирсол карда мешаванд, бурда мешавад. Барои пур кардани варақаҳои бақайдгирӣ, инчунин иловакунӣ ва навкунии минбаъдаи онҳо маълумоти Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ истифода мешавад. Тағйиру иловаҳо ба варақаҳои бақайдгирӣ мунтазам зимни пайдо шудани маълумоти нав бо нигоҳ доштани маълумоти аввалия ворид карда мешаванд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

5. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба дурустаи маълумоти дар варақаи бақайдгирии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ (ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ) зикргардида, риояи талаботи бехатарии радиатсионӣ ва муҳофизати ҷисмӣ дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ) санҷишҳо мегузаронад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

6. Оид ба масъалаҳои пешбурди фаъолияти Кадастр Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳар сол ҳисобот тартиб медиҳад, ки на дертар аз 28 феврал, пас аз соли ҳисоботӣ фаро мерасад, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

7. Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз Кадастр маълумотро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва дигар мақомот тибқи дархост, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.04.2024 № 259).

...

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2014 года, № 507

Утвержден

 постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 1 августа 2014 года, № 507

Государственный кадастр хранилищ радиоактивных отходов

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259)

(в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259)

1. Государственный кадастр хранилищ радиоактивных отходов (далее Кадастр) - это систематизированный банк данных об объектах, предназначенных для хранения или захоронения радиоактивных отходов, а также мест временного хранения радиоактивных отходов и о местонахождении, количественной и качественной характеристике, системах контроля и мониторинга хранилищ радиоактивных отходов и условий хранения или захоронения радиоактивных отходов.

2. Кадастр создается в рамках государственного учета радиоактивных отходов и ведется с целью обеспечения оперативного контроля за местонахождением и перемещением радиоактивных отходов, условий их хранения и захоронения, использования имеющихся мощностей по хранению радиоактивных отходов.

3. Создание, организация ведения Кадастра возлагаются на Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана (в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259).

4. Кадастр ведется на основе заполненных владельцами хранилищ радиоактивных отходов и мест временного хранения радиоактивных отходов регистрационных карточек (образец прилагается), направляемых ими ежегодно в Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана. Для заполнения регистрационных карточек, а также их дальнейшего пополнения и обновления используются данные Государственного реестра радиоактивных отходов. Изменения и дополнения к регистрационным карточкам вносятся систематически по мере поступления новых и с сохранением первичных данных (в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259).

5. Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана проводит проверки по достоверности сведений, указанных в регистрационных карточках хранилищ радиоактивных отходов (мест временного хранения радиоактивных отходов), соблюдению требований радиационной безопасности и физической защиты в хранилищах радиоактивных отходов (мест временного хранения радиоактивных отходов) (в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259).

6. По вопросам ведения Кадастра Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана ежегодно составляет отчет, который не позднее 28 февраля, следующего за отчетным годом представляется в Правительство Республики Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259).

7. Агентство по химической, биологической, радиационной и ядерной безопасности Национальной академии наук Таджикистана представляет информацию из Кадастра уполномоченному государственному органу в области обращения с радиоактивными отходами и другим органам по запросу, а также международным организациям и другим государствам в соответствии с соглашениями, признанных Республикой Таджикистан (в редакции пост. Правительства РТ от 29.04.2024 №259).

...