Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2014, № 484 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, № 105"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №105

Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад.

1. Ба Низомномаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007, №105 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар бандҳои 2, 6, 8, 9, 10 ва 11 калимаҳои "Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба калимаҳои "Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд;

- банди 5 дар таҳрири зайл илова карда шаванд:

"5. Хадамот бо мақсади амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм, иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва стандартҳои давлатии таҳсилотро дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши хонандагону донишҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ баҳо медиҳад.";

- дар банди 6:

- сархати якум дар таҳрири зайл илова карда шавад:

"- иҷрои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва илмро дар муассисаҳои таълимӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, назорат менамояд;";

- дар сархати чорум баъди калимаи "педагогӣ" калимаҳои ", муҳандисӣ - педагогӣ" илова карда шаванд;

- дар сархати шашум баъди калимаи "таълимӣ," калимаҳои "илмӣ-таҳқиқотӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, инчунин" млова карда шаванд;

- зербанди а) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"а) дар самти аттестатсия, аккредитатсия, баҳогузории маҷмӯӣ, иҷозатномадиҳии ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, баробарарзишӣ, эътирофи ҳуҷҷатҳои таъсилот ва додани унвонҳои илмии дотсентӣ ва профессорӣ:";

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №105

В соответствии со статьёй 42 Закона Республики Таджикистан "О нормативных правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести в Положение о Государственной службе по надзору в сфере образования, утвержденное постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2007 года, №105, следующие изменения и дополнения:

- в пунктах 2, 6, 8, 9, 10 и 11 слова "Министерство образования Республики Таджикистан" заменить словами "Министерство образования и науки Республики Таджикистан";

- пункт 5 изложить в следующей редакции:

"5. Служба, в целях осуществления единой государственной политики в области образования и науки, контролируя выполнение нормативных правовых актов и государственных образовательных стандартов в образовательных учреждениях Республики Таджикистан, независимо от организационно-правовой формы, даёт оценку учебно-воспитательному процессу, уровню качества знаний учащихся и студентов, подготовке специалистов и другим сторонам деятельности образовательных учреждений";

- в пункте 6:

- первый абзац изложить в следующей редакции:

"- контролирует исполнение законов и других нормативных правовых актов сферы образования и науки в образовательных учреждениях, независимо от организационно-правовой формы";

- абзац четвертый после слова "педагогических" дополнить словами "инженерно-педагогических";

- абзац шестой после слова "обучения" дополнить словами "научно-исследовательские, повышение квалификации и переподготовка, а также";

- подпункт а) изложить в следующей редакции:

"а) в области аттестации и аккредитации, комплексной оценки, лицензирования организаций и образовательных учреждений, установления эквивалентности, признания документов об образовании и присвоения ученых званий доцента и профессора:";

...