Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1128 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ"

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №3, мод. 166; №6, мод. 429; с. 2010, №3, мод. 158; с. 2011, №6, мод. 452; с. 2012, №8, мод. 834; №12, қ.1, мод. 1008; с. 2013, №7, мод. 542; №12, мод. 905) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 1:

- аз сархати шашум калимаҳои "(хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ)" хориҷ карда шаванд;

- ба сархати дувоздаҳум баъд аз калимаҳои "тартиб дода шуда," калимаҳои "тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон" илова карда шуда, калимаҳои "ва хизматӣ" хориҷ карда шаванд;

- сархати шонздаҳум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- одоби хизматчии давлатӣ - маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷамъиятро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад;".

2. Аз қисми 2 моддаи 5 калимаҳои "аз хизмати давлатии сиёсӣ ва маъмурӣ иборат мебошад ва" хориҷ карда шаванд.

3. Моддаи 7(1) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 7(1). Одоби хизматчии давлатӣ

1. Одоби хизматчии давлатӣ бо Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

2. Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кодексҳои соҳавии одоби хизматчии давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.".

4. Ба қисми 3 моддаи 11 сархати сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"- адои хизмати ҳарбӣ барои ишғоли мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;".

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН "О ГОСУДАРСТВЕННОЙ СЛУЖБЕ"

Статья 1. Внести в Закон Республики Таджикистан от 5 марта 2007 года "О государственной службе" (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2007 г., №3, ст. 166; №6, ст. 429; 2010 г., №3, ст. 158; 2011 г., №6, ст. 452; 2012 г, №8, ст. 834; №12, ч.1, ст. 1008; 2013 г., №7, ст. 542; №12, ст. 905) следующие изменения и дополнения:

1. В статье 1:

- из абзаца шестого слова "(политическая и административная государственная служба)" исключить;

- абзац двенадцатый после слова "составленная" дополнить словами "в соответствии с законодательством Республики Таджикистан", слова "и служебную" исключить;

- дополнить абзацем шестнадцатым следующего содержания:

"- этика государственного служащего - совокупность норм, принципов и правил служебного и внеслужебного поведения государственного служащего, выражающих нравственные качества его профессиональной деятельности и поведения на рабочем месте и в обществе, включающих общепризнанные нравственные человеческие ценности и моральные требования общества к государственным служащим;".

2. В части 2 статьи 5 слова "и состоит из государственной политической и административной службы" исключить, слово "осуществляемых" заменить словом "осуществляющую".

3. Статью 7(1) изложить в следующей редакции:

"Статья 7(1). Этика государственного служащего

1. Этика государственного служащего регулируется Кодексом этики государственного служащего Республики Таджикистан, отраслевыми кодексами этики государственного служащего, настоящим Законом и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

2. Кодекс этики государственного служащего Республики Таджикистан утверждается Президентом Республики Таджикистан, отраслевые кодексы этики государственных служащих утверждаются в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.".

4. Часть 3 статьи 11 дополнить абзацем третьим следующего содержания:

"- несение военной службы для предусмотренных законодательством Республики Таджикистан должностей;".

...