ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ РАТСИОНАЛИЗАТОРӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолияти ратсионализаториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба он ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти ратсионализаторӣ - фаъолияти эҷодии шахси воқеӣ ё гурӯҳи шахсон, ки ба мукаммалгардонии молу маҳсулот, техника ва технологияи истеҳсолот равона карда шуда, истифодаи онҳо ба сарфаи захираҳои меҳнатӣ, моддӣ, молиявӣ ва беҳсозии шароити меҳнат ва экология мусоидат менамояд;
- пешниҳоди ратсионализаторӣ - таклифи дорои ҳалли техникӣ ё ташкилӣ дар ҳама гуна соҳаи фаъолият, ки аз тарафи шахси ҳуқуқӣ эътироф шудааст;
- муаллифи пешниҳоди ратсионализаторӣ - шахси воқеӣ ё гурӯҳи шахсон, ки бо меҳнати эҷодии онҳо пешниҳоди ратсионализаторӣ таҳия шудааст;
- ариза дар бораи пешниҳоди ратсионализаторӣ - ифодаи хаттии пешниҳод, ки тибқи талаботи муқарраргардидаи Қонуни мазкур тартиб дода шудааст;
- гувоҳномаи ратсионализаторӣ - ҳуҷҷате, ки афзалияти пешниҳоди ратсионализаторӣ, муаллифӣ ба он ва ҳуқуқ ба подоши муаллифро тасдиқ мекунад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Пешниҳоди ратсионализаторӣ
1. Ҳамчун пешниҳоди ратсионализаторӣ эътироф карда мешавад:
...