Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1093 "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2008, №12, қ.1, мод. 989; мод. 990; с. 2009, №5, мод. 321; №9-10, мод. 543; с. 2010, №1, мод. 2; мод. 5; №3, мод. 153; №7, мод. 547; №12, қ.1, мод. 812; с. 2011, №6, мод. 430; мод. 431; №7 - 8, мод. 610; №12, мод. 838; с. 2012, №4, мод. 256; №7, мод. 685; мод. 693; №8, мод. 814; №12, қ.1, мод. 1004; с. 2013, №3, мод. 181; №7, мод. 508; с. 2014, №3, мод. 143; мод. 144), моддаҳои 527(2), 527(3) ва 527(4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 527(2). Риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ

1. Барои риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ,

ба шахси мансабдор ба андозаи аз даҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз бист то чил нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 527(3). Риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми додани иҷозат

1. Барои риоя накардани расмиёти додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) ҳангоми додани иҷозат риоя накардани мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ,

ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Моддаи 527(4). Риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ

1. Барои риоя накардани талаботи қоидаҳои пешбурди феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва (ё) қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,

ба шахси мансабдор ба андозаи аз се то панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

2. Барои дар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда,

ба андозаи аз ҳафт то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе

26 июли соли 2014 № 1093

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" кабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров

ш. Душанбе, 25 июни соли 2014, № 1555

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014 № 679

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ДОПОЛНЕНИЙ В КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ

Статья 1. Дополнить Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях, принятый Законом Республики Таджикистан от 31 декабря 2008 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 2008 г., №12, ч.1, ст. 989; ст. 990; 2009 г., №5, ст. 321; №9-10, ст. 543; 2010 г., №1, ст.2; ст.5; №3, ст. 153; №7, ст. 547; №12, ч.1, ст. 812; 2011 г., №6, ст. 430; ст. 431; №7-8, ст. 610; №12, ст. 838; 2012 г., №4, ст. 256; №7, ст. 685; ст. 693; №8, ст. 814; №12, ч.1, ст. 1004; 2013 г., №3, ст. 181; №7, ст. 508; 2014 г., №3, ст. 143; ст. 144), статьями 527(2), 527(3) и 527(4) следующего содержания:

"Статья 527(2). Нарушение положений законодательства Республики Таджикистан о моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах

1. Нарушение положений законодательства Республики Таджикистан о моратории на проверки деятельности субъектов предпринимательства в производственных сферах,

влечет наложение штрафа на должностного лица в размере от десяти до двадцати показателей для расчетов.

2. Те же действия, предусмотренные частью 1 настоящей статьи, совершенные повторно в течение года после применения административного наказания,

влекут наложение штрафа в размере от двадцати до сорока показателей для расчетов.

Статья 527(3). Нарушение процедуры выдачи разрешительного документа и (или) срока действия разрешительного документа, при выдаче разрешения

1. Нарушение процедуры выдачи разрешительного документа и (или) несоблюдение срока действия разрешительного документа, при выдаче разрешения,

влечет наложение штрафа на должностного лица в размере от трех до пяти показателей для расчетов.

2. Те же действия, предусмотренные частью 1 настоящей статьи, совершенные повторно в течение года после применения административного наказания,

влекут наложение штрафа в размере от семи до десяти показателей для расчетов.

Статья 527(4). Нарушение требований правил ведения единого государственного электронного регистра разрешительных документов и (или) правил ведения реестра разрешительных документов

1. Нарушение требований правил ведения единого государственного электронного регистра разрешительных документов и (или) правил ведения реестра разрешительных документов,

влечет наложение штрафа на должностного лица в размере от трех до пяти показателей для расчетов.

2. Те же действия, предусмотренные частью 1 настоящей статьи, совершенные повторно в течение года после применения административного наказания,

влекут наложение штрафа в размере от семи до десяти показателей для расчетов.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистан                                          Эмомали Рахмон

г.Душанбе,

 от 26 июля 2014 года, № 1093

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш. Зухуров

г. Душанбе, 25 июня 2014 года, №1555

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении дополнений в Кодекс Республики Таджикистан об административных правонарушениях".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, от 17 июля 2014 года, №679