Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2014, № 1088 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул карда шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, №9, мод. 68; мод. 69; №22, мод. 306; с. 1999, №12, мод. 316; с. 2001, №4, мод. 149; мод. 167; с. 2002, №11, мод. 675; мод. 750; с. 2003, №8, мод. 456; мод. 468; с. 2004, №5, мод. 346; №7, мод. 452; мод. 453; с. 2005, №3, мод. 126; №7, мод. 399; №12, мод. 640; с. 2007, №7, мод. 665; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 3; №6, мод. 444; мод. 447; №10, мод. 803; №12, қ. 1, мод. 986; №12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, №3, мод. 80; №7-8, мод. 501; с. 2010, №3, мод. 155; №7, мод. 550; с. 2011, №3, мод. 161; №7-8, мод. 605; с. 2012, №4, мод. 258; №7, мод. 694; с. 2013, №6, мод. 403; мод. 404; №11, мод. 785; №12, мод. 881; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2014, №1066), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Дар моддаи 48:

- қисми 4) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"4) Барои як ҷиноят танҳо як ҷазои асосӣ таъин намудан мумкин аст. Дар ҳолатҳо ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс бо ҷазои асосӣ таъин кардани як ё якчанд ҷазои иловагӣ мумкин аст.";

- қисми 6) хориҷ карда шавад.

2. Ба Кодекс моддаҳои 152(1) ва 401(1) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

"Моддаи 152(1). Роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда

Барои роҳбарӣ ба корпартоии манъшуда дар шароити вазъияти фавқулодда, ҳамчунин барои монеъ шудан ба кори корхона, муассиса ва дигар ташкилот дар шароити вазъияти фавқулодда,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то нӯҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

Моддаи 401(1). Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо

Ҷалби ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда барои иштирок дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванди доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда дар воҳиди мусаллаҳ, задухӯрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш.Душанбе,

26 июли соли 2014, № 1088

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" қабул карда шавад.

Раиси

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ

ш. Душанбе, 21 майи соли 2014, № 1497

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев

ш.Душанбе, 17 июли соли 2014, №675

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В УГОЛОВНЫЙ КОДЕКС РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

Статья 1. Внести в Уголовный кодекс Республики Таджикистан, принятый Законом Республики Таджикистан от 21 мая 1998 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1998 г., №9, ст. 68; ст. 69; №22, ст. 306; 1999 г., №12, ст. 316; 2001 г., №4, ст. 149; ст. 167; 2002 г., №11, ст. 675; ст. 750; 2003 г., №8, ст. 456; ст. 468; 2004 г., №5, ст. 346; №7, ст. 452; ст. 453; 2005 г., №3, ст. 126; №7, ст. 399; №12, ст. 640; 2007 г., №7, ст. 665; 2008 г., №1, ч. 1, ст. 3; №6, ст. 444; ст. 447; №10, ст. 803; №12, ч. 1 ст. 986; №12, ч. 2, ст. 992; 2009 г., №3, ст. 80; №7-8, ст. 501; 2010 г., №3, ст. 155; №7, ст. 550; 2011 г., №3, ст. 161; №7-8, ст. 605; 2012 г., №4, ст. 258; №7, ст. 694; 2013 г., №6, ст. 403; ст. 404; №11, ст. 785; №12, ст. 881; Закон Республики Таджикистан от 14 марта 2014 года, №1066), следующие изменения и дополнения:

1. В статье 48:

- дополнить частью 4) следующего содержания:

"4) За одно преступление может быть назначено лишь одно основное наказание. С основным наказанием может быть назначено одно или несколько дополнительных наказаний в случаях и в порядке, установленных настоящим Кодексом.";

- часть 6) исключить.

2. Кодекс дополнить статьями 152(1) и 401(1) следующего содержания:

"Статья 152(1). Руководство запрещенной забастовкой в условиях чрезвычайного положения

Руководство запрещенной забастовкой в условиях чрезвычайного положения, а равно воспрепятствование работе предприятия, учреждения и другой организации,

наказывается штрафом в размере от пятисот до девятисот показателей для расчетов либо ограничением свободы на срок до пяти лет или лишением свободы на тот же срок.

Статья 401(1) Незаконное вовлечение и участие граждан Республики Таджикистан и лиц без гражданства в вооруженных подразделениях, вооруженном конфликте или военных действиях на территории других государств

Незаконное вовлечение граждан Республики Таджикистан и постоянно проживающих в Республике Таджикистан лиц без гражданства для участия в вооруженных подразделениях, вооруженных конфликтах или военных действиях на территории других государств, а также незаконное участие граждан Республики Таджикистан и постоянно проживающих в Республике Таджикистан лиц без гражданства в вооруженных подразделениях, вооруженном конфликте или военных действиях на территории других государств,наказывается лишением свободы на срок от двенадцати до двадцати лет.".

Статья 2. Настоящий Закон ввести в действие после его официального опубликования.

Президент

Республики Таджикистана Эмомали Рахмон

г. Душанбе,

от 26 июля 2014 года, № 1088

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ НАМОЯНДАГОН МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О принятии Закона Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Принять Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли

Республики Таджикистан Ш. ЗУХУРОВ

г. Душанбе, 21 мая 2014 года, № 1497

ПОСТАНОВЛЕНИЕ МАДЖЛИСИ МИЛЛИ МАДЖЛИСИ ОЛИ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О Законе Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан"

Рассмотрев Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан", Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Одобрить Закон Республики Таджикистан "О внесении изменений и дополнений в Уголовный кодекс Республики Таджикистан".

Председатель

Маджлиси милли Маджлиси Оли

Республики Таджикистан М.Убайдуллоев

г. Душанбе, 17 июля 2014 года, №675