Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2020 № 195)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2020 № 195)
Мутобиқи моддаи 10 Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад :
1. Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал ва шикор муайян карда шавад .
2. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2012, № 402 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 августи соли 2012, № 403 "Дар бораи муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда" аз эътибор соқит дониста шавад.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 3 июли соли 2014 № 435
ш. Душанбе
аз 3 июли соли 2014 № 435
ш. Душанбе
...