Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" июни соли 2014 № 392
тасдиқ шудааст
Замимаи 1
бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз "4" июни соли 2014 № 392
тасдиқ шудааст
Низомномаи Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.01.2026
№ 20)
1. Муқаррароти умумӣ
1. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират (минбаъд - Намояндагӣ) бо мақсади иҷрои вазифаҳо ва ӯҳдадориҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои муҳоҷират дар Федератсияи Россия таъсис дода шудааст.
2. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Намояндагиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармоишҳои Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст ва Низомномаи мазкур ташкил медиҳанд.
3. Намояндагӣ чораҳоро оид ба танзими масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, мусоидат барои ҷойивазкунии муваққатӣ ва мавсимии шахсони воқеӣ, ки бо иваз намудани ҷойи истиқомат ё ҷойи кор, бакортаъминкунии қонунӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, инчунин бо маслиҳатдиҳӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия алоқаманд мебошанд, амалӣ месозад.
4. Намояндагӣ дар доираи ваколатҳои худ ба муҳоҷирони меҳнатӣшаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Россия фаъолияти меҳнатӣ менамоянд, ёрии ҳуқуқӣ мерасонад.
5. Намояндагӣ фаъолияташро бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ҳамоҳанг месозад.
6. Намояндагӣ бо воҳидҳои сохтории Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, байналмилалӣ ва дигар муассисаю идораҳо ҳамкорӣ менамояд.
...