Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2008 № 351 "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ"

Модцаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 235; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, № 22, моддаи 259) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Муқаддимаи Қонун дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии омӯзиш, ҳифз ва истифодабарии сарватҳои зеризаминиро муқаррар намуда, муносибатҳоро дар ин соҳа танзим менамояд".

2. Дар моддаи 1:

қисми якум дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.";

дар қисми дуюм ва минбаъд дар тамоми матни Қонун калимаҳои "Мақомоти ҳокимияти давлатии Вилояти автономии Бадахшони Кӯҳӣ (ВАБК)" ба калимаҳои "Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон" иваз карда шаванд.

3. Ба Қонун моддаи 1 (1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 1 (1). Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- омӯзиши давлатии геологии қаъри замин - корҳои геологии вобаста ба омӯзиши мониторингии ҳолати қаъри замин, сохтори геологии минтақаҳои алоҳида ва ҳавзаҳо дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, маълум намудани дурнамои онҳо оид ба мавҷуд будани маъданҳои фоиданок, сохтани харитаҳои геологии давлатӣ, ки маълумотҳои асосиро оид ба истифодабарии қаъри замин ташкил медиҳанд;

- қитъаи ҷудокардашудаи геологӣ - замима ба иҷозатнома барои омӯзиши геологӣ - бо нақша ва маълумотнома муайян намудани ҳудуди қитъаи қаъри замин, ки дар он истифодабарандагон ҳуқуқи иктишофи геологиро доранд;

- ҷудо намудани замини кӯҳсор - замима ба иҷозатнома барои пешбурди корҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодабарии иншоотҳои зеризаминӣ, ки ба иктишоф ва истихроҷ вобастагӣ надоранд, иҷозатнома барои истихроҷи маъданҳои фоиданоки ғайриминералии маъмулӣ бо мақсади тиҷорат ва ё сохтмони иншоотҳои зеризаминии новобаста ба истихроҷ ва иктишоф, ки истифодабарандагони қаъри замин аз рӯи нақша ва маълумоти минтақаҳои ҳудудашон муайян ба онҳо ҳуқуқ доранд;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О недрах"

Статья 1. В Закон Республики Таджикистан от 20 июля 1994 года "О недрах" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., №15-16, ст.235; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №22, ст.259) внести следующие изменения и дополнения:

1. Преамбулу Закона изложить в следующей редакции:

"Настоящий Закон устанавливает правовые основы изучения, охраны и использования недр, регулирует отношения в этой сфере".

2. В статье 1:

часть первую изложить в следующей редакции:

"Законодательство Республики Таджикистан "О недрах" основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона и других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Таджикистаном";

в части второй и далее во всем тексте Закона слова "органы государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области (ГБАО)" заменить словами "местные исполнительные органы государственной власти Горно - Бадахшанской автономной области".

3. Дополнить Закон статьей 1(1) следующего содержания:

"Статья 1(1). Основные понятия.

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- государственное геологическое изучение недр - геологические работы, связанные с мониторинговым изучением состояния недр, геологического строения отдельных участков и бассейнов, территории Республики Таджикистан в целом, определением их перспектив по наличию полезных ископаемых, созданием государственных геологических карт, составляющих информационную основу недропользования;

- геологический отвод - приложение к лицензии на геологическое изучение недр, схематически и описательно определяющее участок недр, на котором недропользователи вправе проводить разведку;

- горный отвод - приложение к лицензии на геологоразведывательные работы и добычу полезных ископаемых, на строительство или эксплуатацию подземных сооружений, не связанных с разведкой и добычей, лицензии на добычу общераспространенных полезных ископаемых в коммерческих целях, определяющие схематически и описательно участок недр, на котором недропользователи вправе проводить добычу, строительство подземных сооружений, не связанные с разведкой или добычей;

...