Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2014, № 374
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо"
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 22.11.2025
№642)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашуда буда, ҳамоҳангсозӣ ва идораи маблағҳоро тибқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд, инчунин шарикони рушди дигар ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" анҷом медиҳад (№642).
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти шарикони рушд ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд (№642).
3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ҷудогона, тавозуни мустақил, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисобҳо бо асъорӣ миллӣ ва хориҷӣ, инчунин мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад.
4. Номи Марказ:
- бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо";
- бо забони русӣ: Государственное учреждение "Центр реализации Проекта "Строительство и оборудование школ";
- бо забони англисӣ: State Enterprise «Project Implementation Unit for Construction and Equipping of Schools (№642).
5. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
II. Мақсад ва вазифаҳои Марказ
6. Мақсад ва вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:
- татбиқи саривақтӣ, сифатнок ва самарабахши Лоиҳа;
- таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои лоиҳавӣ;
- ташкили фаъолияти Марказ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
- таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳо ва татбиқи Лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд (№642);
- таъмини маблағгузории саривақтии Лоиҳа ва пардохти саривақтии хариди молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии мушовирони байналмилалӣ ва маҳалли мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд (№642);
- ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони Марказ, мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ;
- хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин ба имзо расонидани шартномаҳо (қарордодҳо) вобаста ба Лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд (№642);
- мониторинг, арзёбӣ ва назорати сифати иҷрои корҳо дар доираи татбиқи Лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд (№642);
- фаъолияти дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд мухолифат намекунад ва барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ вогузоршуда зарур аст (№642).
III. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои Марказ
7. Марказ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида амволи таҳти ҳуқуқи идораи оперативӣ ба он тааллуқдоштаро соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида озмун баргузор намояд, пешниҳодҳои озмуниро арзёбӣ намуда, мушовирон ва мутахассисони маҳаллӣ ва байналмилалиро ҷалб намояд;
- шартномаҳоро (қарордодҳо) ба имзо расонад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволиро ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;
- фаъолияти ҷорӣ ва ояндаро мустақилона ба роҳ монад;
- дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушояд;
- мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;
- семинар-машваратҳо вобаста ба технологияҳои иттилотию коммуникатсионӣ ва рақамикунонӣ гузаронад (№642);
- фаъолияти дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти шарикони рушд ва мақсадҳои Марказ мухолифат намекунанд, амалӣ намояд (№642).
8. Марказ уҳдадор аст (№642):
- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои пешбинишуда, инчунин дигар маблағгузориҳои Лоиҳаро таъмин намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ шароити бехатари меҳнатро фароҳам оварад, риояи кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст,
- таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;
- баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро амалӣ намуда, ҳуҷҷатгузории оморӣ ва муҳосибавиро пеш барад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд оид ба воридшавӣ ва азхудкунии маблағҳо, инчунин ҷараёни татбиқи Лоиҳа ҳисоботи молиявӣ ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солона ба таври хаттӣ пешниҳод намояд (№642).
IV. Манбаъҳои ташаккули маблағ ва амвол
9. Марказ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд метавонад дар ихтиёри худ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу олот ва дигар амволеро, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома заруранд, дошта бошад (№642).
10. Маблағҳои Марказ аз ҳисоби зерин ташаккул меёбанд:
- қарзи Фонди Саудии Рушд, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод гардидааст;
- қарзу грантҳо ва кумакҳои иловагие, ки давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи Лоиҳаи мазкур ҷудо менамоянд (№642);
- саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд манъ накардаанд (№642).
11. Маблағҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳое, ки дар Созишномаи қарзӣ пешбинӣ гардидаанд, истифода шаванд.
V. Идоракунии фаъолияти Марказ
12. Роҳбари Марказ директор мебошад, ки бо пешниҳоди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад (№642).
13. Директори Марказ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад;
- ташкили роҳбарии умумӣ дар давраи фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлатӣ ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудани сохтор, ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷоти Марказ, андозаи музди меҳнати кормандон (№642);
- аз номи Марказ ба имзо расонидани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи Лоиҳа;
- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд (№642);
- дар доираи салоҳияти худ интишор намудани амрҳое, ки мӯхолифи қонунгузорӣ набошанд ва иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;
- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ ва дигар санадҳо дар доираи Лоиҳа, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти шарикони рушд мухолифат намекунанд (№642);
- тибқи тартиби муқарраргардида ва дар асоси озмун таъин намудани кормандони Марказ;
- анҷом додани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур,
14. Директори Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ҳисоботдиҳанда мебошад (№642).
15. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур дараҷаи масъулиятнокии кормандони Марказ, инчунин уҳдадориҳои хизматии ҳар кормандро муқаррар менамояд (№642).
151. Муовини директори Марказ дар ҳолати ҳозир набудани директор уҳдадории мансабии о иҷро менамояд (№642).
VI. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ
16. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии Марказ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибавӣ, инчунин расмиёти шарикони рушд анҷом дода мешавад (№642).
17. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаи Марказ, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд пешниҳод мегарданд, инъикос меёбад (№642).
18. Аудитҳои молиявӣ ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторҳои мустақил, ки мувофиқи расмиёти шарикони рушд дар асоси озмун интихоб шудаанд, гузаронида мешаванд (№642).
VII. Тартиби ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Марказ
19. Ба Оинномаи мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
VIII. Барҳамдиҳии Марказ
20. Азнавташкилдиҳӣ (якҷояшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ, табдилдиҳӣ, ҷудошавӣ) ва барҳам додани Марказ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 июни соли 2014, № 374
тасдиқ шудааст
Оинномаи Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо"
I. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашуда буда, ҳамоҳангсозӣ ва идораи маблағҳоро тибқи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо" анҷом медиҳад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти Фонди Саудии Рущд ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.
3. Марказ шахси ҳуқуқӣ буда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амволи ҷудогона, тавозуни мустақил, дар муассисаҳои бонкӣ суратҳисобҳо бо асъорӣ миллӣ ва хориҷӣ, инчунин мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад.
4. Номи Марказ:
- бо забони тоҷикӣ: Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи "Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо";
- бо забони русӣ: Государственное учреждение "Центр реализации Проекта "Строительство и оборудование школ".
5. Суроғаи ҳуқуқии Марказ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
II. Мақсад ва вазифаҳои Марказ
6. Мақсад ва вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:
- татбиқи саривақтӣ, сифатнок ва самарабахши Лоиҳа;
- таъмини истифодаи мақсадноки маблағҳои лоиҳавӣ;
- ташкили фаъолияти Марказ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти дахлдор;
- таъмини иҷрои саривақтии чорабиниҳо ва татбиқи Лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд:
- таъмини маблағгузории саривақтии Лоиҳа ва пардохти саривақтии хариди молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии мушовирони байналмилалӣ ва маҳалли мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд:
- ҳамоҳангсозии фаъолияти кормандони Марказ, мушовирони байналмилалӣ ва маҳаллӣ;
- хариди мол, кор ва хизматрасонӣ, инчунин ба имзо расонидани шартномаҳо (қарордодҳо) вобаста ба Лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд;
- мониторинг, арзёбӣ ва назорати сифати иҷрои корҳо дар доираи татбиқи Лоиҳа мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд;
- фаъолияти дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд мухолифат намекунад ва барои ҳалли вазифаҳои ба зиммаи Марказ вогузоршуда зарур аст.
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
7. Марказ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқарраргардида амволи таҳти ҳуқуқи идораи оперативӣ ба он тааллуқдоштаро соҳибӣ, ихтиёрдорӣ ва истифода намояд;
- тибқи тартиби муқарраргардида озмун баргузор намояд, пешниҳодҳои озмуниро арзёбӣ намуда, мушовирон ва мутахассисони маҳаллӣ ва байналмилалиро ҷалб намояд;
- шартномаҳоро (қарордодҳо) ба имзо расонад, ҳуқуқҳои амволӣ ва ғайриамволиро ба даст орад, дар суд ҳамчун даъвогар ва ҷавобгар иштирок намояд;
- фаъолияти ҷорӣ ва ояндаро мустақилона ба роҳ монад;
- дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асъори миллӣ ва хориҷӣ суратҳисобҳо кушояд;
- мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;
- фаъолияти дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, расмиёти Фонди Саудии Рушд ва мақсадҳои Марказ мухолифат намекунанд, амалӣ намояд.
8. Марказ ӯҳдадор аст:
- истифодаи мақсаднок ва самараноки маблағҳои пешбинишуда, инчунин дигар маблағгузориҳои Лоиҳаро таъмин намояд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони худ шароити бехатари меҳнатро фароҳам оварад, риояи кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст,
- таъмин намояд ва тибқи тартиби муқарраргардида барои зарари ба саломатӣ ва қобилияти меҳнатии онҳо расонидашуда масъулият дошта бошад;
- баҳисобгирии фаврӣ ва муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро амалӣ намуда, ҳуҷҷатгузории оморӣ ва муҳосибавиро пеш барад;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд оид ба воридшавӣ ва азхудкунии маблағҳо, инчунин ҷараёни татбиқи Лоиҳа ҳисоботи молиявӣ ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солона ба таври хаттӣ пешниҳод намояд.
IV. Манбаъҳои ташаккули маблағ ва амвол
9. Марказ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд метавонад дар ихтиёри худ бо ҳуқуқи идораи оперативӣ бино, иншоот, таҷҳизот, асбобу олот ва дигар амволеро, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома заруранд, дошта бошад.
10. Маблағҳои Марказ аз ҳисоби зерин ташаккул меёбанд:
- қарзи Фонди Саудии Рушд, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод гардидааст;
- қарзу грантҳои иловагие, ки давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ барои татбиқи Лоиҳаи мазкур ҷудо менамоянд;
- саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд манъ накардаанд.
11. Маблағҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳое, ки дар Созишномаи қарзӣ пешбинӣ гардидаанд, истифода шаванд.
V. Идоракунии фаъолияти Марказ
12. Роҳбари Марказ директор мебошад, ки дар асоси озмун ва дар мувофиқа бо Фонди Саудии Рушд бо пешниҳоди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
13. Директори Марказ дорои салоҳиятҳои зерин мебошад;
- ташкили роҳбарии умумӣ дар давраи фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлатӣ ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ;
- дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд тасдиқ намудани сохтор, ҷадвали штатӣ, сметаи хароҷоти Марказ, андозаи музди меҳнати кормандон;
- аз номи Марказ ба имзо расонидани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи Лоиҳа;
- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд;
- дар доираи салоҳияти худ интишор намудани амрҳое, ки мӯхолифи қонунгузорӣ набошанд ва иҷрои онҳо барои ҳамаи кормандони Марказ ҳатмӣ мебошад;
- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзои ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагӣ ва дигар дар доираи Лоиҳа, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва расмиёти Фонди Саудии Рушд мухолифат намекунанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида ва дар асоси озмун таъин намудани кормандони Марказ;
- анҷом додани ваколатҳои дигар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур,
14. Директори Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур анҷом дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд ҳисоботдиҳанда мебошад.
15. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур дараҷаи масъулиятнокии кормандони Марказ, инчунин ӯҳдадориҳои хизматии ҳар кормандро муқаррар менамояд
VI. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳӣ
16. Баҳисобгирии муҳосибавӣ ва ҳисоботдиҳии Марказ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибавӣ, инчунин расмиёти Фонди Саудии Рушд анҷом дода мешавад.
17. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаи Марказ, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди Саудии Рушд пешниҳод мегарданд, инъикос меёбад.
18. Аудитҳои молиявӣ ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторҳои мустақил, ки мувофиқи расмиёти Фонди Саудии Рушд дар асоси озмун интихоб шудаанд, гузаронида мешаванд.