Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2014 № 373

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2014, № 373

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 июни соли 2014, № 373

тасдиқ шудааст

Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-Тартиб) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 45 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ) ҳуҷҷати шаҳрсозӣ оид ба банақшагирии шаҳрсозии рушди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, стратегия ва манфиатҳои соҳавии байни ҳудудҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти шаҳрсозӣ муайян менамояд.

3. Тартиби мазкур дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ ва меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ таҳия ва амалӣ карда мешавад.

4. Ҳамоҳангсозӣ ва таъминоти илмию методии таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунониро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

5. Тартиби мувофиқакунӣ, экспертиза ва тасдиқи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки гузаронидани экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавиро ба танзим медароранд, анҷом дода мешавад.

6. Ҳуҷҷатҳои тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ бо тартиби муқарраргардида тасдиқ карда мешаванд ва риояи онҳо барои субъектони фаъолияти шаҳрсозӣ ҳатмӣ мебошад.

7. Муқаррароти асосии тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ баъд аз тасдиқ гардидан бояд дар воситаҳои ахбори омма интишор карда шаванд.

2. Тартиби таҳияи тарҳи генералии ҷойгиркунонӣ

...

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 июня 2014 года, № 373

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 3 июня 2014 года, № 373

Порядок разработки генеральной схемы расселения на территории Республики Таджикистан

1.Общие положения

1. Порядок разработки генеральной схемы расселения на территории Республики Таджикистан (далее - Порядок) разработан на основании части 2 статьи 45 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан.

2. Генеральная схема расселения на территории Республики Таджикистан (далее - генеральная схема расселения) - градостроительная документация о градостроительном планировании развития территории Республики Таджикистан, определяющая стратегию и отраслевые интересы территории Республики Таджикистан при осуществлении градостроительной деятельности.

3. Данный Порядок разрабатывается и осуществляется на основании Градостроительного кодекса Республики Таджикистан, нормативных правовых актов Республики Таджикистан и государственных стандартов, градостроительных норм и правил.

4. Координация и научно - методическое обеспечение разработки генеральной схемы расселения осуществляет Комитет по архитектуре и строительству при Правительстве Республики Таджикистан.

5. Порядок согласования, экспертизы и утверждения генеральной схемы расселения осуществляется в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, регламентирующими проведение государственной экспертизы и утверждение предпроектной и проектной градостроительной документации.

6. Документы генеральной схемы расселения утверждаются в установленном порядке и обязательны для соблюдения всеми субъектами градостроительной деятельности.

7. Основные положения генеральной схемы расселения после её утверждения подлежат опубликованию в средствах массовой информации.

2. Порядок разработки проекта генеральной схемы расселения

...