Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ аз 30 майи соли 2014 № 344

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2014, № 344

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2014, № 344

тасдиқ шудааст

Низомномаи ташкил ва ба роҳ мондани таълим дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ

1. Муқаррароти умумӣ

1. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ", Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуда, тартиби қабул, таҳсил ва тайёр намудани афсарони эҳтиётро барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ муқаррар менамояд.

2. Тартиби тайёрии ҳарбии донишҷӯён тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ва Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.

3. Раванди тайёрии ҳарбии донишҷӯёнро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доранд, назорат менамоянд.

4. Вазоратҳои мудофиа, маориф ва илм метавонанд дар мувофиқа бо вазорату идораҳое, ки дар ихтиёрашон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ доранд, барои таъсиси кафедраҳои ҳарбӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намоянд.

5. Тайёрии афсарони эҳтиёт дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо забони давлатӣ сурат мегирад. Таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ аз курси дуюм оғоз меёбад. Баъди хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо фармони Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои кафедраҳои ҳарбӣ ва қисмҳои ҳарбӣ ҷамъомади таълимӣ баргузор мегардад, ки хатмкардагони кафедраҳои ҳарбӣ дар он иштирок менамоянд.

6. Фанҳои таълимии кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун фанҳои алоҳида дар нақшаҳои таълимӣ ворид карда мешаванд. Мӯҳлати оғоз ва анҷоми соатҳо дар кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати тайёр кардани афсарони эҳтиёт дар нақшаи таълимӣ муайян карда мешавад.

7. Барномаи таълимии тайёр намудани афсарони эҳтиётро барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳарбӣ таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ менамоянд.

8. Ба кафедраҳои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯёне, ки дар шӯъбаҳои рӯзона таҳсил менамоянд (барои ҷавонони синни 17-27-сола), саломатии хуб доранд ва аз ташхиси тиббӣ дар комиссияи ҳарбии маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ гузаштаанд, қобили қабул ба хизмати ҳарбӣ ҳастанд, роҳ дода мешаванд. Донишҷӯён духтарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танҳо тайёрии тиббии ҳарбӣ мегузаранд.

...

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2014 года, № 344

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 30 мая 2014 года, № 344

Положение об организации обучения на военных кафедра государственных учреждений высшего профессионального образования

1. Общие положения

1. Настоящее Положение разработано на основе Закон Республики Таджикистан "Об образовании", Закона Республики Таджикистан "О высшем профессиональном образовании и послевузовском профессиональном образовании", Закона Республики Таджикистан "О всеобщей воинской обязанности и военной службе" и других нормативных правовых актов и устанавливает порядок приёма обучения и подготовки офицеров запаса для Вооруженных Сил Республики Таджикистан на военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования.

2. Порядок военной подготовки студентов определяется Законом Республики Таджикистан "О всеобщей военной обязанности и военной службе" и настоящим Положением,

3. Процесс военной подготовки студентов в учреждениях высшего профессионального образования контролируют Министерство обороны Республики Таджикистан, Министерство образования и науки Республики Таджикистан, а также министерства и учреждения, в ведомстве которых находятся учреждения высшего профессионального образования.

4. Министерства обороны, образования и науки по согласованию с министерствами и учреждениями, в ведении которых находятся высшие профессиональные образовательные учреждения могут представить предложения Правительству Республики Таджикистан о создании военных кафедр.

5. Подготовка офицеров запаса на военных кафедрах учреждений высшего профессионального образования на основании Закона Республики Таджикистан "О государственном языке Республике Таджикистан" проводится на государственном языке. Обучение на военпых кафедрах начинается со второго курса. После окончания учреждения высшего профессионального образования но приказу Министра обороны Республики Таджикистан на базах военных кафедр и войсковых частей проводятся учебные сборы, на которых участвуют выпускники военных кафедрах.

6. Учебные предметы военных кафедр учреждений высшего профессионального образования ю включаются в учебные планы как самостоятельные дисциплины. Сроки начала и окончания учебных часов военных кафедр учреждений высшего профессионального образования по подготовке офицеров запаса определяются учебным планом.

7. Учебные программы по подготовке офицеров запаса для Вооруженных Сил Республики Таджикистан разрабатываются и в установленном порядке утверждаются профессорско-преподавательским составом военных кафедр.

8. На военные кафедры учреждений высшего профессионального образования допускаются студенты дневного отделения (для юношей 17-27 лет), имеющие хорошее здоровье, прошедшие медосмотр в военном комиссариате по месту расположения учреждения высшего профессионального образования, и годные к военной службе. Студентки учреждений высшего профессионального образования проходят только военную медицинскую подготовку.

...