Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он аз 30 майи соли 2014 № 339

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2014, № 339

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 майи соли 2014, № 339

тасдиқ шудааст

Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он

1. Муқаррароти умумӣ

1. Тартиби гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъд - Тартиб) гардиши силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти ҷангии он (минбаъдсилоҳ), аз ҷумла баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳ, интиқол, мусодира ва нобуд кардани силоҳ, истеҳсол ва сохтани силоҳ, фурӯш, додан ва соҳиб шудани силоҳ, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содир намудани силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро танзим менамояд.

2. Гардиши силоҳ дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои дигари ҳарбӣ (минбаъд - ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда) ва бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва гирифта гаштани силоҳ

3. Ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда вазифадоранд мувофиқи тартиби муқарраргардида силоҳро ба ҳисоб гиранд. Номгӯй ва намунаи ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии силоҳ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ташкилотҳои давлатии ҳарбикунонидашуда муайян карда мешавад.

4. Бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ӯҳдадориҳои ба онҳо вогузоршуда оид ба муҳофизати ҷойҳои нигоҳдории маблағҳои пулӣ ва сарватҳо, инчунин ҳангоми ҳамлу нақли онҳо ҳуқуқ доранд дар асоси рухсатнома бо тартиби муқаррарнамудаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба силоҳ соҳиб шаванд.

5. Силоҳ ба бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси шартномаи тарафайн ва дархости хаттии ин бонкҳо, ки ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, дода мешавад.

6. Дар дархост шумора, намуд ва калибри силоҳи дархостшаванда нишон дода мешавад.

7. Вазорати корҳои дохилӣ:

...

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 30 мая 2014 года, № 339

Утвержден

постановлением Правительства 

Республики Таджикистан

от 30 мая 2014 года, № 339

П О Р Я Д О К

оборота боевого оружия и боеприпасов к нему

1. Обшие положения

1. Порядок оборота боевого оружия и боеприпасов к нему (далее Порядок) регулирует оборот боевого оружия и боеприпасов к нему (далее - оружие), в том числе учет, хранение и ношение оружия, транспортировка, изъятие и уничтожение оружия, производство и изготовление оружия, продажа, передача и приобретение оружия, ввоз на территорию Республики Таджикистан и вывоз из территории Республики Таджикистан оружия и боеприпасов к нему.

2. Оборот оружия осуществляется в Министерстве обороны Республики Таджикистан, Министерстве внутренних дел Республики Таджикистан, Государственном комитета национальной безопасности Республики Таджикистан, Комитете по чрезвычайным ситуациям и гражданской обороне при Правительстве Республики Таджикистан, Национальной гвардии Республики Таджикистан, Агентстве по государственному финансовому контролю и борьбе с коррупцией в Республики Таджикистан, Агентстве по контролю за наркотиками при Президенте Республики Таджикистан, Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан, Главном управлении по исполнению уголовных наказаний Министерства юстиции Республики Таджикистан, Агентстве по обеспечению специальным имуществом при Правительстве Республики Таджикистан, других воинских формированиях (далее - государственные военизированные организации) и банках Республики Таджикистан.

2. Учет, хранение и ношение оружия

3. Государственные военизированные организации обязаны в установленном порядке вести учет оружия. Перечень и образцы документов по учету оружия, определяются нормативными правовыми актами относящимися к государственным военизированным организациям.

4. Банки Республики Таджикистан в целях выполнения возложенных на них обязанностей по охране мест содержания денежных средств и ценностей, а также при их транспортировке имеют право приобрести на основании разрешения оружие в порядке, установленном Министерством внутренних дел Республики Таджикистан.

5. Оружие банкам Республики Таджикистан выдается органами внутренних дел на основании договора сторон и письменной заявки этих банков, представленной в Министерство внутренних дел Республики Таджикистан этими же банками.

6. В заявке указывается количество, модель и калибр требуемого оружия.

...