Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, № 660 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 179"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007 № 179

Мутобиқи моддаи 43 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 "Дар бораи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон" тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- банди 2 қарор дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон (ба ғайр аз ҳайати хизматрасон) ба теъдоди 10 воҳид муқаррар карда шавад";

- дар банди 3 баъд аз калимаи "Маблағгузории" калимаҳои "Дастгоҳи марказии" илова карда шаванд;

2. Ба Низомномаи Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии лоиҳаҳои сохтмон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, № 179 тасдиқ карда шудааст тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

а) оид ба банди 5

- дар сархати якум пеш аз калимаи "гузаронидани" калимаҳои "роҳбарӣ ва назорат ба" илова карда шаванд:

- сархати даҳум дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"- тафтишу тасдиқи хулосаҳои экспертӣ ва ба Корхонаи воҳиди давлатии "Ташхисгар" баргардонидани онҳо барои ирсоли минбаъда ба фармоишгарон (инвесторҳо);

б) оид ба банди 8

- сархати якум ва дуюм якҷоя карда шуда, дар таҳрири зайл ифода карда шаванд:

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года № 179

В соответствии со статьей 43 Закона Республики Таджикистан "О нормативно-правовых актах" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Внести изменения и дополнения в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, № 179 "Об Управлении вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства":

- пункт 2 изложить в следующей редакции:

"2. Утвердить численность работников Центрального аппарата Управления вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства (кроме обслуживающего персонала) в количестве 10 единиц";

- в пункте 3 после слово "Финансирование" добавить слова "Центрального аппарата";

2. Внести в Положение об Управлении вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, № 179 "Об Управлении вневедомственной государственной экспертизы проектов строительства" следующие изменения и дополнения:

а) по пункту 5:

- в абзаце первом, перед словом "государственная" добавить слова "руководство и контроль над",

абзац десятый изложить в следующей редакции:

"-проверка и утверждение экспертных заключений, их возврат Государственному унитарному предприятию "Ташхисгар" для выдачи заказчикам (инвесторам)";

б) по пункту 8:

- абзац первый и второй объединить и изложить в следующей редакции:

...