Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 № 297

Санаи амалкуни: 02.03.2023

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2014, № 297

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "3" майи соли 2014, № 297

тасдиқ шудааст

Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Муқаррароти умумӣ

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 81)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.03.2023 № 81)

1. Тартиби таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 48 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, раванди таҳияи тарҳи соҳаи муайяни рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.

2. Таҳияи тарҳи соҳавии рушди ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - тарҳи соҳавии рушд) дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ, инчунин меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ гардонида мешавад.

3. Тарҳи соҳавии рушд сиёсати давлатиро оид ба стратегияи рушди шаҳрсозии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

4. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини илмию методии тарҳи соҳавии рушдро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

5. Тартиби мувофиқакунӣ, экспертиза ва тасдиқи тарҳи соҳавии рушд мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки гузаронидани экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавиро ба низом даровардааст, муқаррар карда мешавад.

6. Муқаррароти асосии тарҳи соҳавии рушд пас аз тасдиқ гардидан, дар васоити ахбори умум интишор карда мешавад.

...

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 мая 2014 года, № 297

Утвержден

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 3 мая 2014 года, № 297

Порядок разработки отраслевых схем развития территорий Республики Таджикистан

(в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №81)

(в редакции пост. Правительства РТ от 02.03.2023 №81)

1. Общие положения

1. Порядок разработки отраслевых схем развитая территорий Республики Таджикистан (далее - Порядок) разработан на основании требований части 2 статьи 48 Градостроительного кодекса Республики Таджикистан и регулирует процесс разработки схемы определенной отрасли развития на территории Республики Таджикистан.

2. Разработка Отраслевой схемы развития территорий Республики Таджикистан (далее-Отраслевая схема развития) осуществляется на основании Градостроительного кодекса Республики Таджикистан, нормативно-правовых актов Республики Таджикистан, государственных стандартов, также норм и правил градостроительства.

3. Отраслевая схема развития определяет государственную политику в области стратегии-градостроительного развития территории Республики Таджикистан.

4. Координация и научно - методическое обеспечение отраслевых схем развития осуществляется Комитетом по архитектуре и строительству при Правительстве Республики.

5. Порядок согласования, экспертизы и утверждения отраслевых схем развития устанавливается в соответствии с законодательством Республики Таджикистан и другими нормативными правовыми актами, регламентирующими проведение экспертизы и утверждение предпроектной и проектной градостроительной документации.

6. Основные положения отраслевых схем развития после утверждения подлежат опубликованию в средствах массовой информации.

...