ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Фармони Президенти ҶТ аз 15.07.2015 № 523, аз 26.09.2017 № 939, аз 7.09.2019 № 1354, аз 14.02.2020 № 1453, аз 25.06.2020 № 1565, аз 01.06.2021 № 191, аз 23.04.2026 № 1170)
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам :
1. Низомномаи замимагардидаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Шумораи ниҳоии кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 352 воҳид (бе ҳайати хизматрасон), муқаррар карда шавад № 1170
3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 феврали соли 2002, № 779 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
...