Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 марти соли 2014, № 190
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 марти соли 2014, № 190
тасдиқ шудааст
Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Муқаррароти умумӣ
1. Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) дар асоси талаботи қисми 2 моддаи 47 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, самтҳои асосии такмилдиҳии низоми ҷойгиркунӣ, рушди маҳалҳои аҳолинишин, саноат, кишоварзӣ, инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байни маҳалҳои аҳолинишин, сарҳади маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои наздишаҳрӣ ва шаҳрҳо, тадбирҳои ҳифзи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъсири ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта, беҳтар намудани вазъи экологӣ ва нигоҳ доштани ҳудуди объектҳои мероси фарҳангиро ба танзим медарорад.
2. Таҳияи тарҳи банақшагирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - тарҳи банақшагирӣ) дар асоси Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ, меъёрҳо ва қоидаҳои шаҳрсозӣ амалӣ мегардад.
3. Тарҳи банақшагирӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи стратегияи рушди шаҳрсозии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
4. Роҳбарии ташкилӣ, илмӣ ва методии таҳияи тарҳи банақшагириро Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
5. Тартиби мувофиқакунӣ, экспертиза ва тасдиқи тарҳи банақшагирӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки расмиёти гузаронидани экспертиза ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии пешазлоиҳавӣ ва лоиҳавиро ба танзим медарорад, амалӣ карда мешавад.
6. Муқаррароти асосии тарҳи банақшагирӣ пас аз тасдиқ гардидан дар воситаҳои ахбори умум интишор карда мешавад.
7. Тарҳи банақшагирӣ пас аз тасдиқ дар бойгонии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои назорат ҷиҳати амалӣ гардидани он нигоҳ дошта мешавад.
2. Тартиби таҳияи тарҳи банақшагирӣ
...